Аббосӣ
Аббосӣ султон Ҳусейни I (вазн 5,4 г), Ереван, соли 1131 ҳиҷрӣ |
Аббосӣ (форсӣ: عباسی) — аввалин сиккаҳои нуқрагини Сафавиён, ки дар даврони салтанати шоҳ Аббоси I дар Эрон зарб зада шуданд. Вазни як Аббосӣ як мисқол ё 7,7г нуқра буд. 1 аббосӣ = 200 динор = 4 шоҳӣ = 1⁄50 туман[1][2].
Дар садаи XVIII Аббосӣ муҳимтарин воҳиди пулӣ ба ҳисоб мерафт. Сиккаи чорякмисқолии нуқрагинро шоҳӣ меномиданд ва панҷоҳ Аббосӣ як туман ном ва ҳазор динор арзиш дошт. Минбаъд сиккаҳои даврони сафавиён аз тило, нуқра ва мис зарб зада мешуданд. Аббосии аз тило зарбшуда «шоҳаншоҳӣ» ё «ашрофӣ» ном дошт ва он бо фармони ҳар шоҳи нав ба тахтнишаста дар ҷашни Наврӯз зарб зада мешуд. Аббосии нуқрагӣ дар сартосари давлатдории Сафавиён дар гардиш буд. Дар навоҳии Балх ва Мовароуннаҳр бештар сиккаҳои ниммисқолӣ, чорякмисқолӣ маъмул буданд. Баъзе сиккаҳои Сафавиён пас аз суқути ин давлатдорӣ дар Эрон ҳанӯз ҳам дар гардиш буданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Нумизматический словарь / [Автор: Зварич В.В.]. — 4-е изд.. — Львов: Высшая школа, 1980.
- Словарь нумизмата / [Авторы: Фенглер Х., Гироу Г., Унгер В.] / Пер. с нем. М. Г. Арсеньевой / Отв. ред. В. М. Потин. — 2-е изд., перераб. и доп.. — М.: Радио и связь, 1993. — ISBN 5-256-00317-8.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.