Аббревиатура (мусиқӣ)

Аббревиату́ра дар мусиқӣ — нишонаҳо, мухтасар нишон додани нотаҳо, хатҳои иловагӣ ва ибораю ҷумлаҳои мусиқӣ дар хати нотавӣ.

Такрори садоҳо.
Ифодаи тремоло.

Аббревиатура ҳангоми якчанд бор такрор ёфтани як шакли усул гузошта мешавад. Аббревиатура бештар ҳамчун муродифи аломатҳои сегно, реприза, фонус, волта ва мелизмҳо (форшлаг, группетто, мордент, морденти хаткашида, морденти дукарата, морденти дукаратаи хаткашида) истифода мешавад.

Сарчашма

вироиш