Ҳаким Абди́и Зоминӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик.

Ҳаким Абдии Зоминӣ
Зодгоҳ: Зомин
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар зодгоҳаш – Зомин таҳсил карда, ба синни камолот расидааст. Ба Ҳиндустон сафар карда, бо ёрии Ҳаким Абулфатҳи Гелонӣ, ки яке аз наздикони шоҳи онвақта – Акбар буд, ба дарбор роҳ ёфт. Ба сабаби мушкилоти рӯзгор ва фақру нодорӣ ашъори шикоятомез мегуфтааст, аз ин рӯ ӯро аз дарбор дур карданд. Аз намунаҳои ашъораш, ки тавассути тазкираҳову баёзҳо расидаанд, бармеояд, ки ӯ шоири ғазалсаро будааст.

Адабиёт

вироиш
  • Сайид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Т., 1344 ҳ. ш.