Абдии Исфаҳонӣ
Мирабдуллоҳ Абди́и Исфаҳонӣ (асри 16) — шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | Исфаҳон |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишПисари шоир Муҳаммадалии Табъии Исфаҳонӣ. Дар зодгоҳаш — Исфаҳон таҳсил намуда, илмҳои замонашро аз худ кард. Дар синни камолот ба хидмати дарбори Сафавиён дохил шуд. Шоири ғазалсаро буд. Инчунин ба қалами ӯ маснавии «Одам ва Парӣ» мансуб аст. Аз осораш намунаҳо ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абдии Исфаҳонӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.