Абдии Кобулӣ
Абдуллоҳхоҷа Абдии Кобулӣ (? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишШахси таҳсилкарда ва донишманд будааст. Тазкиранависи тоҷик Мутрибӣ соли 1587 дар Бухоро ба мулозимати ӯ расида, муддате дар манзилаш зистааст. Абдии Кобулӣ нисбат ба Мутрибӣ ҳаққи устодӣ дошта, ӯро барои ҷавоб гуфтан ба як қасидаи Осафии Ҳиравӣ ҳидоят намудааст. Аз ашъори Абдии Кобулӣ намунаҳои каме ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдии Кобулӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.