Абдол, Бобо Алишоҳи Ироқӣ

Абдо́л Бобо Алишоҳи Ироқӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 15).

Абдол Бобо Алишоҳи Ироқӣ
Алиф Абдол
Тахаллусҳо: Мутеӣ
Таърихи таваллуд: асри XV
Зодгоҳ: Балх, Афғонистон
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Бо номи Алиф Абдол машҳур буда, бо тахалллуси «Мутеӣ» низ шеър месурудааст. Мувофиқи маълумоти Ризоқулихони Ҳидоят (тазкираи «Равзат-ус-сафо») Абдол шахси озодманиш буда, бо мансабдорон ва ҳукмронони замонаш душманӣ доштааст ва онҳоро сахт танқид мекардааст. Ашъораш, ки ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то имрӯз расидаанд, оҳанги сӯфиёна доранд.

Сарчашма

вироиш