Абдо́л (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 16).

Абдол
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ: Балх, Афғонистон
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар зодгоҳаш — шаҳри Балхи Афғонистон таҳсил карда, ба камол расидааст. Сипас ба мақсади сайру сафар ба Озарбойҷон рафта, ба дарбори ҳукмронони он ҷо роҳ ёфт. Пас аз муддате ба Исфаҳон рафт ва ба хидмати Исмоили Сафавӣ (ҳукмронӣ 1501—1524) дохил шуд. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Абдол дар сурудани навъҳои гуногуни шеър, аз ҷумла ашъори мутоибавӣ ҳунарманд будааст.

Абёти зерин, ки дар тазкираи «Маосири Балх» омадаанд, аз сурудаҳои Абдол мебошанд
Зи тоби май туро ҳар гуна бар рухсор гул,
Сабзаи боғи ҷамолат андаку бисёр гул.
***
Ҳарчанд ки кори ту дар ин гунбази гардун,
Чун қадди алиф ҳеч хаму печ надорад,
Имрӯз макун такя бар ин ҳарф, ки фардо,
Маълуми ту гардад, ки алиф ҳеч надорад.

Сарчашма

вироиш