Абдувалӣ Бердиалиев

Абдувалӣ Бердиалиев(тав. 10 марти 1939, ноҳияи Бешариқ, вилояти Фарғона, ҶШС Ӯзбекистон) — забоншинос, доктори илмҳои филология (1989), профессор (1992).

Абдувалӣ Бердиалиев
Таърихи таваллуд 10 март 1939(1939-03-10) (85 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бешариқ, ҶШС Ӯзбекистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ забоншинос
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултети таъриху филологияи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1962). Солҳои 1962-63 муаллими мактаби миёна, 1963 — 65 дар хидмати Артиши Шӯравӣ, 1966-1990 омӯзгори ДДОЛ ба номи С.М.Киров , 1990-94 мудири кафедраи забоншиносии умумӣ, 1994-97 мудири кафедраи забони ӯзбекии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Аз соли 1997 профессори кафедраи забони ӯзбекии ҳамин Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Ба қалами Абдувалӣ Бердиалиев беш аз 220 мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ оид ба сарфу наҳви забони ӯзбекӣ, тарзҳои таълими он ва ғ. тааллуқ доранд. Абдувалӣ Бердиалиев узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1994-1999), Институти забоншиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1994—2000) буд. Аз соли 1996 узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадии назди ДДХ. Бо роҳбарии Абдувалӣ Бердиалиев 30 нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.

  • Эргаш гапли қӯшмаган конструкцияларида семантик-сигнификатив парадигматика. Тошкент, 1989;
  • Ӯзбек тили синтактик парадигматикаси асослари. Тошкент, 1991;
  • Ӯзбек тили сӯз бирикмалари синтаксисининг баъзе масалалари. Х., 1993;
  • Ӯзбек ва тожик лисоний алоқалари (ҳаммуаллиф), Д., 2011;
  • Сӯзлар оламига саёҳат. Х., 2012.

Адабиёт

вироиш