Забоншиносӣ

(Тағйири масир аз Забоншинос)

Забоншиносӣ (аз порсӣ: زبانشناسی) ё лингвистика (аз лотинӣ: Linguistica), илм дар бораи забони инсон буда, қонуни мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомӯзад. Забоншиносии ҳозира серсоҳа ва бо дигар соҳаҳои улуми гуманитарӣ алоқаманд аст. Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф ва мавҷудияти забонҳоро тахқиқ мекунад. Забоншиносии хусусӣ бошад забонҳои алохида ё гурӯҳи забонҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Забоншиносӣ аз рӯи усули тадқиқ,ба муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ, структурӣ, Забоншиносии математикӣ, Забоншиносии психологӣ тақсим мешавад. Лекнн аз рӯи хулосаҳое, ки дар натиҷаи таҳқиҷ ба даст омадааст, аз хусуси Забоншиносии назариявӣ ва амалӣ метавон сухан ронд; ба таърихи ва тасвири ҷудо кардани забоншиносӣ вобаста аст ба материале, ки тасдиқ, карда мешавад. Ба омӯзиши шеваҳои маҳаллӣ шевашиносӣ машғул аст. Услубшиносӣ, сотсиолингвисти­ка, таърихи забони адабӣ низ аз соҳаҳои мустақили забоншиносии имрӯзаанд. Забоншиносӣ соҳаҳоеро низ дарбар мегирад, ки ҷиҳатҳои гуногуни забонро таҳқиқ мекунанд: фонетика ва фонология — системаи овозҳоро, грамматика (морфология ва синтаксис) — сохти ка­лима ва ҷумларо, лексикология ва лексикография — таркиби луғавиро, фразеология — ибораву калимаҳои рехтаро, этимология — баромад ва инкишофи калимаҳоро, ономастика (антропонимика ва топонимика) — исмҳои хосро, палеография — таъри­хи хатро ва ғайра. Забоншиносӣ бо семиотика — илм дар бораи системаи аломатҳо, ки за­бон ҳам ба он дохил аст, инчунин бо адабиётшиносӣ, психология, таърих , мантиқ, фалсафа, география алоқаманд буда, аз комёбиҳои риёзӣ, кибернетика, физика ва дигар соҳаҳои илм баҳра мегирад.

Дар забони англисӣ ба мисли дигар забонҳо замон вуҷуд дорад, ки масалан.

Go-went-gone меравад-рафт-хоҳад рафт Do-did-done мекунад-кард-хоҳад кард See-saw-seen мебинад-дид-хоҳад дид ва ғайраҳо.

Таърих

вироиш
Мақолаи асосӣ: Таърихи забоншиносӣ

Забоншиноси дар Шарқи Қадим

вироиш

Забоншиносӣ дар Шарқи Қадим, баъди ба вуҷуд омадани хат пайдо шудааст. Барои таълими хат ва забони хаттӣ дар Байнаннаҳрайни Қадим ва баъдтар дар дигар мамлакатҳои Осиёи Пеш (дар ҳазорсолаи 2-юми то мелодӣ) руйхати рамзҳои ҳиҷоӣ, шаклҳои грамматикӣ ва луғатҳо тартиб медоданд, вале он вақт назарияи за­бон ба вуҷуд наомада буд. Забоншиноси дар Хиндустони Қадим ба дараҷаи фавқулода баландӣ инкишоф расида буд. Грамматикае, ки Панинӣ (тадр. а. 5 то м.) тартиб додааст, тасвири пурра ва дар айни ҳол хеле мҷази забон буд. Дар Юнони Қадим ва Рим забоншиносӣ асосан дар шакли ба истилоҳ грамматикаи мантиқӣ ҷараён дошт, ки намояндаи барҷастаи ин равия Аристотел буд. Аз а. 19, аз вақте ки забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ (Вилҳелм Гумболдт, Франз Бопп, Якоб Гримм ва дигарон) ва мактаби ҷавонграмматикҳо (Карл Брутман, Бертҳолд Делбрюк ва дигар) ба вуҷуд омаданд, давраи муҳимтарини тараққиёти забоншиносӣ cap мешавад. А. Шлейхер забоншиносиро ба илмҳои табиӣ ва қонунҳои дохилии онро ба қонунҳои табиат нисбат медод, вале Г. Штейнтал қонунҳои дохилии забонро «коллективӣ-психологӣ» медонист. Иван Бодуэн де Куртенэ таълимоти Гумболдтро дар бораи «шакли за­бонӣ» инкишоф дод, ки баъдтар асо­си бештари равияҳои структурализм қарор гирифт (вай мафҳуми фонемаро низ тадқиқ кардааст). Дар ибтидои садаи XX равияҳои гуногун, ба монанди географияи лингвистӣ, баъд­тар неолингвистика, мактаби эстети­кӣ, назарияҳои атомистӣ, ки кӯшиш доштанд забонро ҳамчун эҷодиёти шахсони алоҳида пешниҳод кунанд, мактаби формалӣ (Ф. Ф. Фортунатов ва дигарон), равияи сотсиологӣ (А. Мейе ва дигарон) роли намоён бозидаанд. Баъди табъ ёфтани «Курси забоншиносии умуми»-и Фердинанд де Соссюр (1916) дар забоншиносӣ равияҳои гуногуни структу­рализм, чун мактаби прагагӣ, ки ба истилоҳ, назарияи фонологиро ба вуҷуд овардааст, мактаби копенгагенӣ, ки кӯшиш дошт назарияи универса­лии системаҳои семиотиро тapтиб диҳад Забоншиноси дескриптивии америкоӣ, фалсафаи забон, забоншиносии ма­тематики ва ғайра паҳн гардиданд. Дар забоншиносии советӣ солҳои аввали баъди Инқилоби Октябр равияи ҷавонграмматикҳо (Алексей Шахматов ва дигарон) ва макта­би И. А. Бодуэн де Куртенэ (Л. В. Щерба, Евгений Поливанов ва дигарон) ро­ли асосӣ бозиданд. Аз миёнаи солҳои 20-ум «таълимоти нав дар бораи забон»-и Марр ба рӯи кор омад, ки беасос будани он дар аснои мубоҳисаи соли 1950 оид ба забоншиносӣ ошкор карда шуд. Дар солҳои 40—50 доир ба эабоншиносни мудоисави-таърихӣ як силсила таълифот ба миён омад. Дар замони ҳозира шохаҳои гуногу­ни забоншиносӣ ба истилоҳ, «забоншиносии амалӣ» (тарҷумаи мошинӣ, статистикаи нутқ ва дигар) инкишоф ёфта истодаанд.

Забоншиносии тоҷик

вироиш

Забоншиносии тоҷик низ таърихи хеле қа­дим дорад. Таълиму тарғиби Авасто ва дигар осори қадим бе асарҳои тасрифию тафсирӣ мумкин набуд. Вале аз он замонҳо то ба мо асаре доир ба забоншиносӣ нарасидааст. Забоншинисони тоҷик аз комёбиҳои забоншиносии Ҳиндустон ва Юнони Қадим хабар дош­танд вагарна, дар забоншиносии араб он қадар саҳми калон намегузоштанд (таълифоти забоншиносии Сибавейх., Аҳфати Акбар ва ғайраҳо). Аз садаи X cap карда дар шароити дузабонӣ ва сезабонӣ забоншиносони тоҷику форс бештар ба луғатсозӣ машғул шудаанд. Дар ин давра як дастур луғатҳои арабӣ-тоҷикӣ, тоҷики-туркӣ, луғатҳои тафсиӣ ва тафсирии соҳавӣ ба вуҷуд оиаданд.