Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф

Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф (1461, Оббурдон, Кӯҳистони Мастчоҳ — 1542, ҳамон ҷо) — хаттот ва катибанависи тоҷик.

Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф
Таърихи таваллуд 1461
Зодгоҳ Оббурдон, Кӯҳистони Мастчоҳ
Таърихи даргузашт 1542(1542)
Маҳалли даргузашт Оббурдон, Кӯҳистони Мастчоҳ

Зиндагинома Вироиш

Абдувалӣ шахси фозилу донишманд ва чанд муддат қозӣ ҳам будааст, вале бештар ҳамчун кандакори рӯи санг машҳур гардидааст. Дар катибаи санги рӯи қабраш ӯро чунин тавсиф кардаанд: «ҳокими шаръӣ, мақбули мулук ва салотин, имомулҳумом, сайидулҳукком, афзулулайём, мураббиюлфуқаро, муқаввиуззафо» ва ғайра.

Нахустин катибаҳои рӯисангии Абдувалӣ ба солҳои 1496 — 99 мутаалиқ буда, аз деҳоти Похут ва Шаватки ноҳияи Айнӣ ба даст омадаанд. Матни ин катибаҳо аксар мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ доранд. Масалан матни катибаи санги байни деҳоти Шамтич ва Оббурдан:

Эй солики ин роҳ, назар бо мо кун,
Аз фикри замона хотири худ во кун.
Хоҳӣ, ки ба айш бигзаронӣ ҳама умр,
Зулмат макуну хеш ба дилҳо ҷо кун.

Катибаҳои ёдгормонда Вироиш

Аз Абдувалӣ катибаҳои бисёре ба ёдгор мондаанд, ки беш аз 20-тои онҳо дар захираи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардушиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ (таҳти рақамҳои 1, 5, 15, 49, 52, 70, 85, 95, 96, 129, 131, 147, 148, 166, 185 ва ғайра) маҳфузанд.

Сарчашма Вироиш