Абдувалӣ Қушматов
Абдувалӣ Қушматов (Қушматов Абдувалӣ Акрамович; 5 декабри 1946, ноҳияи Ашт — 15 декабри 2021, Душанбе) — таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон (1989), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2021), дорандаи Ордени "Шараф" дараҷаи II (2017).
Қушматов Абдувалӣ Акрамович | |
| |
Таърихи таваллуд | 5 декабр 1946 |
Зодгоҳ | деҳаи Мулломир, ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 15 декабр 2021 (75 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Шогирдон | М.П. Хоҷаев, Мехди Хафте Каззази ибнь Эбрахим, Э. Турсунов |
Маъруф ба | Қушматов |
Ҷоизаҳо |
"Ордени Шараф" дараҷаи 2, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАбдувалӣ Қушматов 5 декабри 1946 дар деҳаи Мулломири ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ; 1969). Ассистент, муаллим ва муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи УДТ (1969—1982), аспиранти Институти таърихи ИҶШС АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1982—1985), дотсент (1986-96), докторант (1996—1998), профессор кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ (аз 2009). Соли 1985 дар мавзӯи «Заминдории вақфи шимоли Тоҷикистон дар солҳои 1870—1917» рисолаи номзадӣ ва соли 1998 дар мавзӯи: «Деҳқонони тоҷик дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 (1867—1917)» рисолаи докторӣ дифоъ кард. Самтҳои асосии таҳқиқ: омӯзиши масоили умумии таърихи дунёи қадиму асрҳои миёна; вақфшиносӣ; муносибатҳои молию пулӣ ва аграрӣ; таърихи деҳқонӣ дар Шарқи Миёна, Осиёи Марказӣ ва Бухорои Шарқӣ дар аҳди қадим ва асрҳои миёна; низоми андозбандӣ ва маҷбуриятҳои деҳқонони тоҷик ва ғайра. Муаллифи чанд китоб, рисола, дастур, барнома ва зиёда аз 190 мақолаи илмӣ. Бо роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Узви Шӯрои олимони ДМТ ва Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени Шараф (дараҷаи 2; 2017), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1989), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2021), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019), Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишБа қалами Абдувалӣ Қушматов зиёда аз 190 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ таалуқ дошта таълиф шудааст.
Осор
вироиш- Пайдоиш ва мохияти мазорҳо. Д., 1985;
- Ҳақиқат дар «бораи ҷойҳои муқаддас». Д., 1985;
- Зинаи камолот. Д., 1988;
- Вақф (нашри тоҷикӣ 1990, русӣ 2018);
- Душанбе (Альбом; тоҷикӣ, русӣ, англисӣ). Д., 1992;
- Деҳқонони тоҷик дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ. Д., 1996;
- Абдухамид Джалилович Джалилов (К 70 летию со дня рождения). Д., 1996 (ҳаммуаллиф);
- Таджикское крестьянство в конце ХIХ начале ХХ вв. Д., 1998;
- Таърихи Шарқи қадим. китоби дарсӣ. Д., 2013;
- Нигоҳе ба заминдории вақф дар мамлакатҳои Шарқи Миёна дар асрҳои миёна. Д., 2013;
- Нигоҳе ба таърихи ташаккули давлати феодалии тоҷикон — Сомониён. Д., 2015 (ҳаммуалиф);
- Таърихи халқи тоҷик. Д., 2021 (ҳаммуаллиф);
- Таърихи Юнони қадим. Х., 2021;
- Таърихи Рими қадим. Х., 2021.
Даргузашт
вироишАбдувалӣ Қушматов баъд аз зуҳри 15 декабри 2021 бар асари беморӣ дар синни 71-солагӣ даргузашт.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Даргузашти профессори таърихдон Абдувалӣ Қушматов. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 15 Декабри 2021 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008.- С.145-146