Иттиҳоди Шуравӣ

кишвари коммунистӣ-сотсиалистии Авруосиё, ки дар солҳои 1922-1991 вуҷуд дошт
(Тағйири масир аз ИҶШС)

Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сосиалистӣ (Иттиҳоди Шуравӣ, ИҶШС; русӣ: Союз Советских Социалистических Республик, СССР) — кишваре буд, ки дар солҳои 19221991 дар бахши бузурге аз шарқи Аврупо ва шимоли Осиё вуҷуд дошт.

Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сосиалистӣ
Союз Советских Социалистических Республик
30 декабр 1922[1][2] — 26 декабр 1991


Дирафш Нишон[d]
Гимн
Пойтахт Маскав
Забон(ҳо) русӣ
Воҳиди пул Soviet ruble[d]
Майдон
  • 22 402 200 км² (1991)
Аҳолӣ
  • 293 047 571 тан (1989)
Шакли ҳукмронӣ ҷумҳурии шӯравӣ[d], Ҷумҳурии порлумонӣ, single-party system[d], federation[d] ва communist dictatorship[d]

Таърих

вироиш

Давлати Шуравӣ: Инқилоби солҳои 1905 – 1917, ҷанги шаҳрвандӣ, ташкили давлати Шуравӣ, ки аз октябри соли 1917 то охири 1991-ум сол вуҷуд дошт. Буҳрони ҷамъиятие, ки дар Русия сар зада буд ба шикоф миёни ҳукумату ҷомеа ва баъдтар ба шӯришҳои солҳои 1902 - 1905 оварда расонд. Гарчанде, ки ин шӯришҳо бебарор буду ба ивази ҳукуматдорон оварда нарасонд, лекин ин шӯришҳо инқилоберо ба бор овард, ки дар соли 1917 рух дод.

Ширкати Русия дар Ҷанги ҷаҳонии якум (1914 – 1918), ба гаронии нархҳо дар бозор, камбуди коло ва ҳамчунин ба гуруснагии аҳолӣ оварда расонд, дар натиҷа зимистони соли 1917 буҳрони сиёсӣ тезу тундтар гашт. Феврали соли 1917, шӯриши мусаллаҳонае, ки дар Санкт-Петербург шуда буд, ба даст кашидани Николайи II аз тахт оварда расонд, ки ба ҷои ӯ акнун кишварро Ҳукумати муваққатӣ идора мекард. Аммо дар натиҷаи шӯриши моҳи октябри соли 1917 ба сари ҳукумати Русия болшевикон (РСДРП(б) омаданд (сипас РКП(б), ВКП(б), КПСС - Ҳизби Коммунистии Русия (Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ) бо раҳбарии В. И. Ленин). Пас аз 3 соли ҷанг бо душманони дохиливу хориҷӣ болшевикон тавонистанд ҳокимиятро дар қаламрави пешини Подшоҳии Русия ба даст оваранд.

Дар натиҷаи Инқилоби Октябрии соли 1917 дар Русия ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1917 – 1923) рух дод, ки дар воқеъ ҷанге буд барои ба даст овардани қудрат миёни болшевикҳо (артиши “сурхҳо”) ва мухолифони онҳо (артиши “сафедҳо”). Барои расидан ба ҳадафи худ ҳам “сурхҳо” ва ҳам “сафедҳо” террорро истифода бурданд, ки дар натиҷа бештар мардуми бегуноҳ ранҷ кашид. Афзун бар ин, давлатҳои хориҷӣ низ дар ин ҷанг ширкат доштанд, ки мехостанд Русияро суст ва пора-пора кунанд. Лекин болшевикон тавонистанд дар ин ҷанг пирӯз шаванд ва сиёсати ягонаро дар Русия ҷорӣ кунанд. Кишвари наве, ки бештари қаламрави пешини Подшоҳии Русияро дар мегирифт, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сосиалистӣ (ИҶШС) ном гирифт. Умуман дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва инқилоб дар Русия: 25 млн аҳолӣ ба ҳалокат расид, истеҳсоли саноат 5 маротиба ва маҳсулоти кишоварзӣ низ 40% кам шуд.

Дар ин ҳолатҳои ногувор аз нав барқароркунии иқтисодиёти Русия оғоз гардид. Дар ин вақт бештар ба саноаткунонии мамлакат: саноати мошинасозӣ, металургӣ, ҳарбӣ, коркарди конҳо ва сохтмони стансияҳои электрикӣ маблағгузории Ҳукумати шӯравӣ сарф карда мешуд. Тараққиёти саноати вазнин зарари худро бештар ба саноати сабуку кишоварзӣ расонид. Ҳаёти одамони одӣ дар ин давра хело ҳам бад буд, сатҳи зиндагии аҳолии шӯравӣ паст буд нисбат ба дигар давлатҳо, маҳсулотҳои одӣ намерасиданд, мушкилоти ҷиддӣ, ки ин таъмини аҳолӣ бо маскан буд боқӣ монд.

Тақсимоти миллӣ-ҳудудии ИҶШС

вироиш

Рӯзи таъсисёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС - СССР) 30 декабри соли 1922 мебошад.

Дар давоми мавҷудияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС - СССР) се маротиба Конститутсияи ИҶШС қабул шудааст:

  • Конститутсияи ИҶШС — соли 1924
  • Конститутсияи ИҶШС — соли 1936
  • Конститутсияи ИҶШС — соли 1977

Сараввал, мувофиқи Шартнома оид ба таъсиси ИҶШС (30 декабри соли 1922), ба ҳайати ИҶШС ҷумҳуриҳои зерин ворид шуданд:

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии ИҶШС
ҷумҳурӣ масоҳат,
ҳаз. км²
аҳолӣ,
ҳаз. наф. (1966)
аҳолӣ,
ҳаз. наф. (1989)
шумораи
шаҳрҳо
шумораи
шаҳракҳо
Маркази маъмурӣ
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федералӣ Русия 17075,4 126561 147386 932 1786 Москва
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина 601,0 45516 51704 370 829 Киев
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии белорусия 207,6 8633 10200 74 126 Минск
ҶШС Ӯзбекистон 449,6 10581 19906 37 78 Тошканд
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон 2715,1 12129 16538 62 165 Алмаато
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Гурҷистон 69,7 4548 5449 45 54 Тбилиси
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон 86,6 4660 7029 45 116 Боку
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Литва 65,2 2986 3690 91 23 Вилнюс
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Молдавия 33,7 3368 4341 20 29 Кишинёв
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Латвия 63,7 2262 2681 54 35 Рига
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон 198,5 2652 4291 15 32 Бишкек
ҶШС Тоҷикистон 143,1 2579 5112 17 30 Душанбе
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Арманистон 29,8 2194 3283 23 27 Ереван
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркманистон 488,1 1914 3534 14 64 Ашқобод
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Эстония 45,1 1285 1573 33 24 Таллин
СССР 22402,2 231868 286717 1832 3418 Москва

Масоҳати умумии ИҶШС августи соли 1991 22,4 млн км² ташкил мекард.

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
  1. Декларация об образовании Союза Советских Социалистических Республик (рус.) — 1922.
  2. https://novynarnia.com/2022/12/26/100r-srsr/