Абдукарим Розиқов (1898, Хистеварз, вилояти Суғд1937) — ходими давлатӣ ва ҳизбии шӯравӣ, иштирокдори фаъоли барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Узви ҲКИШ (аз 1918).

Абдукарим Розиқов
Таваллуд 1898
Даргузашт 1937

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи деҳқони камбағал. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд cap шудааст. Розиқов Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябрро хушнудона истиқбол наму д. Аз аввалин командирони отряди яхтиёриён дар Қистакӯз. Соли 1920 курси 6-моҳаи командир тайёркунии шаҳри Хуҷандро хатм карда, аз аҳолии меҳнаткаши маҳаллӣ отряди ихтиёриён ташкил намуда, бар зидди босмачиён мубориза бурд ва дар торумори дастаи Мадад Махсум ҳисса гузошт.

Корнома

вироиш

Солҳои 1923—1925 Розиқов раиси Комиҷроияи волости Қистакӯз (ташаббускори аввалин ҳашар, якшанбегиҳои ободонӣ ва сохтмонҳои биноҳои ҷамъиятӣ дар Қистакӯз), солҳои 1926—1931 дар корҳои роҳбарӣ дар шаҳру қишлоқҳои шимоли Тоҷикистон (Конибодом, Ашт, Хуҷанд ва ғайра), 1932 раиси «Совхоз трест»-и ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933—1937 раиси Комитети иҷроияи шаҳри Душанбе. Депутати КИМ-и СССР, аъзои КМ ПК (б) Тоҷикистон, аъзои бюрои Комитети партиявии шаҳри Душанбе ва аъзои Президиуми КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Адабиёт

вироиш
  • Розиқов Абдукарим / А. Қодиров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).