Мусо Диноршоев

Мусо Диноршоев (7 ноябри 1934, деҳаи Арзинки ноҳияи Тавилдара, ҶШС Тоҷикистон — 29 сентябри 2020[2], Душанбе, Тоҷикистон) — файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1987), профессор (1991), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1994), Аълочии маорифи халқи Ҷум ҳурии Тоҷикистон (2005), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (2011)..

Мусо Диноршоев
Диноршоев Мӯсо Диноршоевич
Мусо Диноршоев.jpg
Мусо Диноршоев дар соли 2012
Таърихи таваллуд: 7 ноябр 1934(1934-11-07)
Зодгоҳ: деҳаи Арзинг, ноҳияи Тавилдара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Тахрихи даргузашт: 29 сентябр 2020(2020-09-29) (85 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: фалсафа
Ҷойҳои кор: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ: академики АИҶТ
Алма-матер:
Ҷоизаҳо: Ордени «Шараф»
Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005)
Сайт: dinorshoev.com
Commons-logo.svg Мусо Диноршоев дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Мусо Диноршоев 7 ноябри 1934 дар деҳаи Арзинги ноҳияи Тавилдара ба дунё омадааст. Солҳои 1949—1954 донишҷўи Омӯзишгоҳи педагогии Орҷонкидзеобод ва дар як вақт муаллими мактаби 7 солаи ҳамин ноҳия ва (солҳои 1954—1959), донишҷўи факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд.

Фаъолияти корӣВироиш

Мудири шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1968—1986), сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик (1986—1988), мудири Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1988—1990), муассис ва директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1990—1992), директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1992—2007), ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1995—2000; 2005—2010)[3], мушовири Раёсати АМИТ (2012—2020).

Андешаҳои илмӣВироиш

Мусо Диноршоев ба таҳқиқи масъалаҳои ҳастишиносӣ, назарияи маърифат, мантиқ, фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ дар таърихи фалсафаи кишварҳои ҷаҳони ислом машғул буда, бар хилофи аврупомарказгароёни гузаштаву муосир мавҷудияти андешаҳои пешқадами фалсафиву озодандеширо дар ҷаҳони ислом исбот менамояд; дар асоси таҳлили назарияҳои фалсафии Форобӣ, Абубакри Розӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав Шиҳобуддини Суҳравардӣ, Насируддини Тӯсӣ, Ибни Халдун, Садруддини Шерозӣ ва дигарон хислати эҷодкорона доштани фалсафаи форс-тоҷик ва арабро муқаррар месозад; ҷовидонӣ будани бисёр ғояҳои фалсафии мутафаккирони мазкурро ба исбот мерасонад; аҳаммияти бузурги таълимоти фалсафии гузаштагон, бахусус таълимоти иҷтимоӣ ва ахлоқии онҳоро барои имрӯзиёну ояндагон ошкор менамояд.

ТаълифотВироиш

Андешаҳои илмии ӯ дар таълифоти тадқиқотиаш (беш аз 400 адад), аз ҷумла, дар рисолаҳои илмӣ дар бораи таърихи фалсафаи тоҷик, афкори фалсафии Насируддини Тӯсӣ, Ибни Сино, Абубакри Розӣ, Носири Хусрав, Муҳаммади Ғаззолӣ ва дигар мутафаккирони бузурги Шарқ баён шудаанд. Ба қалами Мусо Диноршоевтарҷимаи русии «Рисолаи саргузашт» ва «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Сино (1980, ҳаммуаллиф), «Зоду-л-мусофирин»-и Носири Хисрав (2005), «Фалсафа ва калом» (2004) ва «Ошноӣ бо улуми ис ло-мӣ»-и М. Мутаҳҳарӣ (2011), «Таҳофуту-л-фало сифа»-и Муҳаммади Ғаззолӣ (2008) тааллуқ дорад.

Нақши Мусо Диноршоев дар тарбияи кадрҳои фалсафӣ ба ҳай си раиси Шӯрои диссертатсионӣ (1991—2011) ва ҳам чун роҳбари илмии аспирантону мушовири докторантон бузург аст. Таҳти роҳбарии шахсии ӯ бештар аз 40 рисолаи номзадӣ ва 20 рисолаи докторӣ дифоъ шудааст.

ХонаводаВироиш

Яке аз фарзандони ӯ духтараш, Зарина Диноршоева касби падарро пеша намуда рисолаи докториро оид ба илми фалсафа дифоъ намудааст.

ДаргузаштВироиш

Мусо Диноршоев рӯзи 29 сентябри соли 2020 дар 86-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[2].

ОсорВироиш

  • Философия Насириддина Туси (1968, 2012 дополненное издание),
  • Ибн Сина и его философсие воззрения (1980),
  • Ибн Сина и его роль в развитии мировой цивилизации (1980),
  • Натурфилософия Ибн Сины (1985),
  • Из истории таджикской философии (1986, на персидском языке),
  • Насир Хусрав и его «Зад-ал мусафирин» (2005),
  • Абухамид Мухаммад ал-Газзали и его «Опровержение философов» (2008),
  • Компендиум философии Ибн Сины (2010),
  • Проблемы философии Ибн Сины (2011 на тадж.яз.),
  • Плюралистическая философия Абу Бакра ар-Рази (2013).[4]

ҶоизаҳоВироиш

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, ордени Шараф, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) сарфароз гардидааст.

ЭзоҳВироиш

  1. https://www.ozodi.org/a/30863713.html
  2. 2.0 2.1 Академик Мӯсо Диноршоев даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 29 сентябри 2020 санҷида шуд.
  3. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  4. Академик Мусо Диноршоев

АдабиётВироиш