Абдукибор Гадоев
Абдукибор Гадоев (10 феврали 1941, деҳаи Зардахами ноҳияи Балҷувон) — тахрихнигор, доктори илмҳои таърих (1991), профессор (1994).
Зиндаигнома
вироишХатмкардаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (1960), УДТ (1966). Муаллими кафедраи таърихи КПСС ва иқтисоди сиёсии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1966-68), аспиранти УДТ (1968-71), муаллими калони кафедраи таърихи КПСС ва иқтисодии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1971-76), докторанти Донишгоҳи давлатии педагогии Маскав (1986-88), дотсент (1988—1993) ва мудири кафедараи таърихи фарҳанги халқи тоҷик ва асосҳои назарияи иқтисодии ДДТТ (1993-96), мудири кафедраи илмҳои ҷомеашиносии ДСРТ (1996-98), декани факултаи таърих ва филология (1998—2000), декани факултаи таърих ва ҳуқуқ (2001-07), мудири кафедраи таърихи умумӣ (2007-08), мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (2008—2012). Аз соли 2012 профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи ҳамин донишгоҳ. Муаллифи 2 монография, 3 дастур, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-оммавӣ.
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маданияти Тоҷикистон (1999)
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000)
Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2012) сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Програмаи озуқаворӣ кори умумихалқӣ. Д., 1989;
- Союз и дружба — в делах. Д., 1990.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гадоев Гадоев / А. Саидмуминов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.