Ноҳияи Балҷувон
Ноҳияи Балҷувóн (форсӣ: ناحیۀ بلجوان) — ноҳия дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 ноябри 1930 таъсис ёфта буд. 15 ноябри 1954 барҳам дода, ҳудуди маъмурии он ба ноҳияҳои Совету (Темурмалик) ва Ховалинг ҳамроҳ карда шуд. Бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ, № 245, аз 2 феврали 1996, дувумбора таъсис дода шуд. Маркази ноҳия — деҳаи Балҷувон.
Ноҳияи маъмурӣ | |
37°48′ с. ш. 69°38′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Хатлон |
Шомили | 5 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | деҳаи Балҷувон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 16 марти соли 1938 |
Масоҳат | 1326 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 32700[2] нафар (2022) |
Зичӣ | 20,2 нафар/км² |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | BA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.KL.BA |
Коди телефон | +992 3357 |
Нишонаи почта | 735140 |
Домени интернет | .tj |
Коди мошинҳо | TJ03 |
Вебгоҳи расмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Масоҳаташ 1326 км². Аз маркази ноҳия то маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 127 км, то шаҳри Душанбе 175 км. Қаблан дар қисми он ноҳияи Сари-Хосор ҷойгир буд.
Ҷойгоҳ
вироишНоҳияи Балҷувон дар қисмати шимолу шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, аз шимол бо ноҳияи Нуробод, аз ғарб бо шаҳрҳои Роғуну Норак ва ноҳияи Файзобод, аз шарқ бо ноҳияи Ховалингу Кӯлоб, аз ҷануб бо ноҳияи Темурмалику Восеъ ҳамсарҳад аст.
Ҷуғрофиё
вироишНоҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1400—1500 м ҷой гирифтааст. Дар ҳудуди ноҳия дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Талхак, Кириксой ва қариб 200 чашмаи шифобахш мавҷуданд, ки як қисми онҳо барои обёрии заминҳои корам истифода мешаванд.
Сарватҳои зеризаминӣ
вироишСарватҳои зеризаминиаш: ангиштсанг, нафт, газ, руҳ, сурб ва ғайра. Хоки заминҳои водӣ хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо дорчинии карбонатдор ва дорчинии муқаррарӣ.
Олами наботот
вироишДар Балҷувон асосан рустаниҳои хосси даштҳои кӯҳӣ мерӯянд. Набототи кӯҳу дараҳо аз рустаниҳои доруӣ (145 навъ), асаловар (47 навъ), ғизоӣ (107 навъ), анҷибар (117 навъ), дарахтони себ, мурӯд, олуча, бодоми талхак, дӯлона, писта, инчунин дарахтони чинор, бед, буттаҳои зирк, настаран, ангат ва ғ. иборат аст.
Олами ҳайвонот
вироишОлами ҳайвоноташ гуногун: дар кӯҳу водиҳо бузи кӯҳӣ, гург, қутос, хирс, гуроз, ҷайра, рӯбоҳ, паланг, гавазн, заргӯш, морҳои обӣ, гурза, калтакалос, аз парандагон мурғи ҳилол, кабки дарӣ, гунҷишк, кабӯтар, турна, зоғ, булбул ва ғ. дучор мешаванд.
Иқлим
вироишИқлимаш континенталии миёна: тобистонаш гарм, зимистонаш муътадил. Ҳарорати миёнаи январ +3,1°С (аз +0,8 то −12°С), июл — аз 14,2 то 28,4°С. Боришоти миёнаи солона (дар водиҳо) 767 мм.
Таърих
вироишДиёри Балҷувон — як гӯшаи офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азиз мебошад. Балҷувон дар гузашта яке аз қадимтарин ва калонтарин вилоятҳо дар аморати Бухоро буд. Бозёфтҳои таърихшиносӣ дар мавзеҳои гуногуни ин диёри бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин сарзамин дар ҳудуди Бохтар дохил буд. Дар сарчашмаҳои қадима Бохтарро сарзамини 100 шаҳр ва маркази он Балхро модари шаҳрҳо номидаанд. Балҷувон, ки вориди ҳудудҳои Бохтар буд, аз ин лиҳоз дар байни олимону донишмандон дар хусуси пайдоиши этимологияи номи Балҷувон ақидаҳои ҳархела то ҳол маҳфуз мебошад. Ба ақидаи муйсафедони рӯзгордидаю донишмандони таҳҷоӣ, Балҷувон аз ду вожжа «Бале» ва «Ҷавон» бармеояд. Яъне маънояш Бале-ҷавон аст. Сайдаҳтам Юнусов, Ҷонибеки Асрориён дар китоби худ «Авроқи рангини Кӯлоб» ва корманди академияи улуми Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ мутахассиси соҳаи луғатшиносӣ дар чунин ақидаанд, ки Балҷувон шакли вайроншудаи вожаи Балхиён аст. Балҷувон чун вилояти мустаъқил дар давраҳои бекигарии Сарахон (1856—1870) ба аморати Бухоро ҳамроҳ буда, ба воситаи дарёи Вахш бо Ҳисор ҳамсарҳад буд. Ба ҳайати бекигарии Балҷувон ҳудуди ноҳияҳои ҳозираи Данғара, Темурмалик, як қисми Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сари Хосор, Ҷорубқул ва Тутқавул дохил мешудаанд. Мувофиқи маълумоти сайёҳи рус Покатило соли 1886 дар 15 амлоки бекигарии Балҷувон 20 ҳазор хоҷагӣ мавҷуд буд, ки 60 ҳазор аҳолӣ дошт ва дар ибтидои асриXIX чун вилояти мустақил танга сикка мезад. Бо бекҳои Ҳисор, Дарвоз ва Қаротегин робитаи тиҷоратӣ дошта, ба бозорҳои он аз Туркистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Россия маҳсулот оварда мешуд. Аз солҳои 1870 то1901 бештар аз 15 экспедитияҳои татқиқотӣ барои муайян намудани металҳои қимматбаҳои Хатлонзамин ташкил карда шуда буд. Экспедитсияи татқиқотчиён муайян карданд, ки дар ин вилоят на танҳо тило, нуқра ва мисс балки боз конҳои ангиштсанг, сурб, намак, курғошим, нафту газ маҳфуз аст.
Даврони Шӯравӣ
вироишАз 20 марти соли 1921 дар Балҷувон Ҳукумати Шӯравӣ барқарор карда шуда буд. Дар байни ноҳияҳои Хатлонзамин, Балҷувон яке аз ноҳияҳои аввалин ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз 23 ноябри соли 1930 он ҳамчун ноҳия таъсис ёфта буд. Он вақт бо Фармони Презедиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон деҳшӯроҳои зерин ба ҳайати ноҳияи Балҷувон шомил гардида буданд: Балҷувон, Саталмуш, Садайбарда, Дараи Калот, Хам, Дашти Гулҳо, Дектур, Афардӣ, Дошмандӣ ва Хазлаат. Дар ҳудуди ноҳия 260 деҳаҳои аҳолинишин мавҷуд будааст.[3]
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Балҷувон бахше аз вилояти Кӯлоб гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Кӯлоб дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Ноҳияи Балҷувон расман дар 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Аз ин шумора дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7696 нафар ба фронт рафта аст, ки аксарияти онҳо дар ҷанг шаҳид гаштаанд. Аз ин сар-замини кӯчаки Балҷувон сазовори номи Олии Қаҳрамони иттиҳоди Шуравӣ шудани 3 нафар фарзандони ҷигарбанди он Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов ва Сафар Амиршоев корнамоии фаромушнашуданист.[3]
Мардум
вироишБар пояи омори соли 2016, ноҳияи Балҷувон 26,7 ҳаз. тан ҷамъият дошт[4]. Аҳолиаш асосан тоҷикон. Зичии аҳолӣ дар 1 км² 20,2 нафар. Мардуми Балҷувон ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
Сол | 2012 | 2014 | 2015 | 2016 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
27,9 | 26,6 | 27,2 | 26,7 | 29,6 | 30,4 | 31,9 | 32,7 |
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Балҷувон 5 ҷамоат дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон[5] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Балҷувон | 3660 | ||||||||||
Сайф Раҳим | 5219 | ||||||||||
Сари Хосор | 4218 | ||||||||||
Сафар Амиршоев | 3614 | ||||||||||
Тоҷикистон | 3775 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Балҷувон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Иқтисодиёт
вироишКишоварзӣ
вироишНоҳия минтақаи аграрист, соҳаи асосии хоҷагӣ кишоварзӣ буда, чорводорӣ, рустанипарварӣ, боғдорӣ ва занбӯрпарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Балҷувон дорои 4518 га замини корам, аз ҷумла, 68 га замини обист, ки барои парвариши картошкаву сабзавот, меваву ангур, ҷуворимакаву ғалла мувофиқ мебошад. Дар ноҳия 1 хоҷагии давлатии зотпарварӣ, 2 хоҷагии ҷангал, 8 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 238 хоҷагии дехқонии инфиродӣ, 2 хоҷагии ёрирасон ва 3526 хоҷагии наздиҳавлигӣ фаъолият доранд.
Саноат
вироишДар ҳудуди ноҳия корхонаи фаръии «Балҷувонгаз», корхонаи истеҳсоли сӯзишвории ҶСП «Ҳасан-Ко»-1, 11 муассисаи сохтмон, 5 клуб, 1 осорхона, 6 китобхона, корхонаи коркарди сангҳои гаронбаҳо, 4 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ, муассисаи нақлиётӣ, ҳавзи шиноварӣ, мактаби варзишӣ, бозори марказӣ, бозори маҳсулоти кишоварзӣ, 68 нуқтаи савдои хусусӣ, 8 ошхона, 3 сартарошхона мавҷуданд.
Маориф
вироишСоли хониши 2010—2011 дар ноҳия 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 21 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 1 гимназия фаъолият доштанд, ки дар онҳо 6918 нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Дар ноҳия филиали Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара ва як мактаби мусиқӣ машғули таълими насли наврасанд.
Тандурустӣ
вироишДар 3 беморхона, 8 дармонгоҳ, 15 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази саломатӣ, 12 духтури маълумоти олидор ва 95 духтури дорои маълумоти миёнаи касбӣ ба аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонанд.
Матбуот
вироишГазетаи ноҳиявӣ — «Навиди Балҷувон». Нуқтаи радиошунавонии маҳаллӣ дорад. Дар ҳудуди Балҷувон барномаҳои радиову телевизиони давлатии тоҷик (шабакаҳои ТВ Тоҷикистон, ТВ «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», инчунин, шабакаи РТР-«Планета») пахш мегарданд.
Сайёҳӣ
вироишҲудуди Балҷувон аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгорҳои таърихӣ ғанӣ аст, ки Қалъаи Мир (асри 16-19), Қалъаи Чорбоғ (асрҳои миёна), Қалъаи Тӯпхона (асрҳои 1-6 то м.), Қалъаи Турк (асрҳои 12-13), Қалъаи Дектур (асрҳои 18-19), инчунин, Қалъаҳои Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ ва бошишгоҳҳои давраи асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон аз ҷумлаи онҳоянд. Барои рушди сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маркази сайёҳии «Сари Хосор» ва «Маркази рушди сайру саёҳати Балхиён» таъсис ёфтаанд.
Дар ноҳия манбаҳои зиёди неъмати бебаҳои табиӣ мавҷудаст, ки онро 200 чашма, рудҳои Дашти Ангора, Дароз Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Руи об, дарёҳои Сурхоб Тира,Оби-Мазор,Талхак, Шаршараи Пушти Боғ,Шаршараи Камолӣ, Шаршараи Сафедов,Чашмаи шифобахши Оби гугирди Султон Увайсӣ, Чашмаи Ќалъанақ, Чашмаи Булғурӣ,Чашмаи Оби Гӯр, Чашмаи Оби шулук,Чашмаи Касҳо, Чашмаи Ҳибил, Дарахти азимчуссаи Шинг (деҳаи Шингидара),Чувоз Чинор (деҳаи Даштархо) ва ғайраҳо мебошанд. Дар базаи ин таъсис додани туризм дар асоси иштироки ҷомеа хело муфид аст. Дар ин ҷо назорати асоси ба дӯши ҷомеаи маҳаллӣ таалуқ дошта, барои рушд ва идоракунии он, худи онҳо ҷалб карда шуда, қисми зиёди даромад бошад дар дохили худи ҷомеа нигоҳ дошта мешавад. Барои рушди мибаъдаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон шуъбаи туризм, Маркази туризм, алпинизм ва шикори хориҷӣ «Сари Хосор», Муассисаи давлатии «Маркази рушди сайру сайёҳати Балхиён» ва Намояндагии туристии ноҳияи Балчувон дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Ноҳия дорои мавзеъҳои туристӣ буда, рушди соҳаи туризмро тақозо менамояд. Мавзеъҳои туристии ноҳия ин қалъаи Мир мутаалиқ ба (асрҳои XVI—XIX), қалъаи Чорбоғ (асри миёна), қалъаи Тупхона (асрҳои I-и пеш аз мелод то 6-и мелодӣ), қалъаи Дектур (асрҳои XVIII—XIX), қалъаи Турк (асрҳои XII—XIII), қалъаи Чаноро, қалъаи Чавгонӣ, қалъаи Додӣ, бошишгоҳҳои даври асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон Ҷимбулоқ ва мақбараю оромгоҳи орифон мебошанд. Шаршараи Сари Хосор. Ин ёдгории нодири табиатдар мавзеи Пушти Боғӣ деҳаи Мулоконии ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст.[6]
Шахсияҳои маъруф
вироишҚаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов; Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев, ходимони давлатӣ Мирзоалӣ Вайсов, Нусратулло Абулхақов, Ҳумдин Шарифов ва нависандаи ҷангноманавис Раҳмон Сафаров зодагони ҳамин ноҳияанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ 3.0 3.1 Сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Балҷувон. 20 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 октябри 2016.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с.99-100 ISBN 978-99947-33-54-5
- ↑ http://baljuvon.tj/javonon/7-so1202ai-turizm.html Бойгонӣ шудааст 13 октябри 2016 сол. СОҲАИ ТУРИЗМ
Сарчашма
вироиш- Балҷувон / Ш. Тошева // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.