Абдулазизи Наққош
Абдулази́зи Наққо́ш (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва мусаввири форс-тоҷик (асри 16).
Таърихи таваллуд: | асри XVI |
---|---|
Зодгоҳ: | Кошон |
Навъи фаъолият: | хаттот, мусаввир |
Зиндагинома
вироишАслан аз Кошон будааст. Дар китобхонаҳои Исмоили Сафавӣ ва Шоҳ Таҳмосб кор кардааст. Шогирди Беҳзод. Абдулазизи Наққош дар эҷодиёти худ сабки Беҳзодро идома дода, бештар чун мусаввири манзараҳои табиат ва лаҳзаҳои разму муҳориба шуҳрат пайдо мекунад. Абдулазизи Наққош хаттоти моҳир низ будааст, вале аз осори хаттотиаш то замони мо чизе боқӣ намондааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироишЭнсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |