Абдулазиз (16141683, солҳои ҳукмронӣ 16451681) — панҷумин хони Бухоро аз сулолаи Аштархониёни ӯзбек[1].

Абдулазиз
1645 — 1681
Тоҷгузорӣ 1645, Бухоро
Пешгузашта Нодирмуҳаммад
Ҷонишин Субҳонқулихон
Таваллуд 1614
Даргузашт 1683
Дудмон Аштархониён
Падар Надрмуҳаммад[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳукмронӣ

вироиш

Соли 1645 бекҳову феодалони аз сиёсати Нодирмуҳаммад норозӣ Абдулазизхонро хони Бухоро эълон карданд.

Нодирмуҳаммад аз Шоҳиҷаҳон ёрӣ талабид. Шоҳиҷаҳон аз ин пешниҳод истифода бурда ба Балх лашкар кашид.

Соли 1647 Абдулазизхон ба муқобили Шоҳиҷаҳон бархост ва аҷнабиёнро бартараф карда, бародараш Субҳонқулихонро ҳокими Балх таъйин намуд.

Дасткашӣ аз ҳокимият

вироиш

Дере нагузашта бародарон барои тахт бо ҳамдигар мубориза сар карданд. Аз чунин шароит хонҳои Хева Абулғозӣ ва Анӯшахон истифода бурда, ба Бухоро ҳуҷум карданд, вале соли 1657 Абдулазизхон ба Абулғозӣ зарбаи сахт зад. Тохтутози Абулғозиро Анӯшахон давом дод.

 
Мадрасаи Абдулазизхон дар Бухоро

Ҷанги дуру дароз барои Хева обрӯи Абдулазизхонро паст кард ва ӯ маҷбур шуд, ки соли 1680 тахтро ба бародараш Субҳонқулихон супорад.

Сиёсати хориҷӣ

вироиш

Замони ҳукмронии Абдулазизхон муносибатҳои дипломатию тиҷоратии хонии Бухоро бо Русия, Эрон ва Ҳиндустон ривоҷ ёфтанд

Дар соли 1669 Абдулазизхон сафоратро бо сарварии мулло Фаррух ба Русия ба назди подшоҳ Алексей Михайлович фиристод[2].

Дар ҷавоб соли 1670 дар Бухоро сафорати Русия  бо сарварии бародарон Пазухинҳо фиристода шуд..

Сиёсат дар соҳаи фарҳанг

вироиш

Ҳангоми ҳукмронии Абдулазизхон мадраса ба номи ӯ дар Бухоро ва мадрасаи Тиллокорӣ дар Самарқанд сохта шуд.

Бухороиҳо ӯро чун «хони шуҷоъ, саховатманд, дӯстдорони илм» тавсиф кардаанд. Ӯ китобхонае аз нусхаҳои дастхатҳои зебо ҷамъоварӣ кардааст[3].

Абдулазизхон соли 1683 ҳангоми адои ҳаҷ дар Макка аз дунё даргузашт.

  1. Анке фон Кюгельген, Легитимация среднеазиатской династии мангитов в произведениях их историков (XVIII—XIXвв.). Алматы: Дайк-пресс, 2004,c.68-69
  2. Прием в России и отпуск среднеазиатских послов в XVII и XVIII столетиях. Составил Н.Веселовский. Спб.,1884,с.17
  3. Азиатский вестник, издаваемый Г.Спасским. Январь, Спб., 1825, с.11

Адабиёт

вироиш
  • Алексеев А.К. Политическая история Тукай-Тимуридов: по материалам персидского исторического сочинения Бахр ал-асрар. Спб.: издательство Санкт-Петербургского университета, 2006.
  • История Узбекской ССР. Том 1. Ответственный редактор Я.Г.Гулямов. Ташкент, 1967.
  • История Узбекистана. Т.3. Т.,1993.

Пайвандҳо

вироиш