Аштархониён, Ҷониҳо — сулола дар Мовароуннаҳр ва қисми Хуросон (1599—1753).

Аштархониён
Кишвар

Таърих

вироиш

Пас аз забти Аштархон (Астрахан) аз тарафи шоҳи Рус Иван Грозний (Ивани IV; 1556) ҳокими ин ҷо Ҷонибексултон (Ҷонимуҳаммад) назди Шайбониён ба Бухоро паноҳ бурд. Ҷонибексултон бо духтари Искандархон (падари Абдуллоҳхони II-и Шайбонӣ) Зуҳрахонум издивоҷ намуд ва соҳиби се писар: Динмуҳаммадхон, Боқимуҳаммадхон ва Валимуҳаммадхон гардид. Баъди марги охирин намояндаи хонадони шайбониён — Пирмуҳаммадхон пешниҳоди ашрофи феодалӣ барои ишғоли тахти хониро Ҷонибексултон напазируфт ва писараш Боқимуҳаммадхон аввалин хони сулолаи Аштархониён шуд. Аслан бояд зимоми роҳбарӣ ба дасти писари калонии Ҷонибексултон — Динмуҳаммадхон меафтод, аммо ӯ ҳангоми бозгашт ба Бухоро — пойтахти давлати Аштархониён дар роҳ ба қатл расид. Ҳамин тариқ, соли 1599 дар вазъияти ниҳоят муташанниҷ бар сари ҳокимият дар хонигарии Бухоро сулолаи Ҷониҳо (аз номи асосгузори он Ҷонибексултон) омад, ки баъдан номи Аштархониёнро гирифт. Вале аз ахбори адабиёти таърихӣ ва манбаъҳои хаттӣ бармеояд, ки Ҷонибексултон, бо вуҷуди надоштани мансаби расмӣ, амалан тамоми умури давлатдориро идора менамуд. Ба Аштархониён як сарзамини ғоратшуда ва гирифтори муборизаҳои шадиди қабилавӣ ба мерос расид: Тошканду Самарқанд зери итоати султонҳои қазоқ қарор доштанд, шаҳрҳои Зомин, Ӯротеппа, Андиҷон аз тобеияти Бухоро баромада, дар Фарғонаву Андиҷон авлоди Бароқхон — Аминсултон ва диг. ҳукмронӣ мекарданд, гумоштаи Сафавиҳо Муҳаммадиброҳим дар Балх ҳоким буд, танҳо дар Ҳисор, Чағониён ва Хатлон Муҳаммадсалим — аз авлоди Ҷонибексултон ҳокимиятро дар даст дошт. Аштархониён бо ёрии қисме аз феодалҳои аз бенизомиҳо ва ҷангҳои байниқабилавӣ зарардида ва дастгирии аксар пешвоёни мазҳабии мусулмонӣ вазъиятро дар кишвар ба зудӣ ба эътидол оварда тавонистанд. Дар натиҷаи муборизаҳои шадид Балх, ки вилоятҳои Шибурғон, Қундуз, Файзобод, Тирмиз, Қубодиён, Кӯлоб ва ғ. тобеи он буданд, соли 1601 ба итоати Аштархониён даромад ва Валимуҳаммадхон ҳокими он таъйин гардид. Баҳори соли 1602 артиши Боқимуҳаммадхон Тирмиз ва Чағониёнро низ тасхир намуд. Ин айём дар сарҳадҳои Балх Бадеъуззамон тохтутоз оғоз карда, аввал Мастчоҳ ва Қаротегин, баъдан Бадахшону Қундузро ҳам ишғол намуд. Боқимуҳаммадхон марти 1603 дар натиҷаи муборизаи шадид ба тохтутози Бадеъуззамон хотима гузошт, худи ӯро ба қатл расонд ва дар ин қаламрав Амир Боқиҷони парвоначиро ҳоким таъйин кард. Сарҳадди давлати Аштархониён дар шимол то Туркистон, дар ғарб то ҳудуди хонигарии Хева, дар ҷануб то Марв тӯл кашид.
Соли 1603 Боқимуҳаммадхон пойтахтро аз Бухоро ба Самарқанд интиқол дод. Пас аз марги Боқимуҳаммадхон (1605) бародари ӯ Валимуҳаммадхон ба тахти салтанат нишаст. Номбурда ба корҳои давлатӣ кам машғул буд ва қисмати зиёди вақташро ба айшу ишрат мегузаронд. Ҳокимони маҳаллӣ мустақилона фаъолият намуда, ба ҳокимияти марказӣ амалан итоат намекарданд, беадолатиҳо дар маҳалҳо норозигии мардумро меафзуданд. Аъёну ашроф аз Валимуҳаммадхон рӯ гардонданд ва ӯ соли 1611 бар асари як сӯиқасди ҳамрикобонаш ба қатл расид. Тахти хониро писари Динмуҳаммадхон — Имомқулихон соҳиб шуд ва то соли 1642 давлатдорӣ кард. Ӯ Нодирмуҳаммадро ҳокими Балх таъйин намуд. Замони салтанати Имомқулихон ҳудуди давлати Аштархониён боз ҳам васеъ гардид, вилояти Фарғона то шаҳри Узганд ба онҳо тобеъ шуд. Соли 1613 Имомқулихон бар қазоқҳо пирӯзӣ ёфта, Тошкандро ишғол кард ва писараш Искандарсултонро волии худ дар он ҷо таъйин намуд. Вале Искандарсултон бо баланд бардоштани андоз ва диг. беадолатиҳо норозигии мардуми Тошкандро ба вуҷуд овард ва ҳангоми шӯриш ӯро ба қатл расонданд. Имомқулихон барои марги фарзандаш Тошкандро ба хун оғушта кард, қарақалпоқҳо, қалмиқҳо ва дигар кӯчиёни ба сарҳадди давлат наздикшударо комилан торумор сохта, мавқеашро таҳким бахшид. Имомқулихон дар охири ҳаёт нобино гашт ва ба нафъи бародараш — ҳокими Балх Нодирмуҳаммад аз тахт даст кашида, ба ҳаҷ рафт ва ҳамон ҷо вафот кард. Нодирмуҳаммад ҳамагӣ се сол (1642-45) ҳукмронӣ кард. Ба номи ӯ тангаҳои нуқрагӣ мавҷуданд, ки дар Балху Бухоро сикка зада шудаанд. Сиёсати ҷобиронааш боиси норизояти умум гардид. Аъёну ашрофи феодалӣ бо сарварии Боқибий аз қабилаи юз исён бардоштанд ва Нодирмуҳаммад ба Балх фирор кард. Писараш Абдулазизхон вориси тахт гашта, солҳои 1645-80 онро дар даст нигоҳ дошт. Қисмати зиёди ин давра бо муноқишаи байни падару писар гузашт, ки дар натиҷа тақсими вилоятҳо ба таври амлокӣ тақвият ёфт. Нодирмуҳаммад аз шоҳони сулолаи «Муғулҳои бузург» (аз ҷониби Бобури Темурӣ дар Ҳиндустон с-ҳои 1526-58 ҳукмронӣ кардаанд) барои бозгашт ба тахт мадад хост, вале шоҳи онон Шоҳиҷаҳон ба ҷойи ёрӣ расондан ба Нодирмуҳаммад дар фикри ба мулки худ ҳам­роҳ намудани Балху Бадахшон шуд. Писарони Шоҳиҷа­ҳон — Муродбахш ва Аврангзеб ба ин сарзамин лашкар кашиданд, Нодирмуҳаммад ба Эрон гурехт ва Шоҳ Аббоси II ба ӯ паноҳгоҳ дод. Бобуриҳо аксар навоҳии Балхро тасхир намуда, ҳокимони худро гузоштанд. Дар ҳамин ҳол Абдулазизхон муқобили ишғолгарон баромад ва Аврангзебро шикаст дод. Нодирмуҳаммад барои зиёрат ба Макка раҳсипор гашт, вале дар роҳ вафот кард.
Соли 1680 бародари Абдулазизхон — Субҳонқулихон ба тахт нишаст ва то соли 1702 ҳукмронӣ кард. Муборизаҳои дохилии байниқабилавӣ, тохтутозҳои ғоратгаронаи берунӣ ба вазъи умумии иқтисодии давлат таъсири ман­фӣ расонда, боиси заифшавии қудрати Аштархониён гардиданд. Субҳонқулихон барои мустаҳкам намудани ҳокимияти марказӣ талош намуд, вале ба муборизаи дохилии қудратталабӣ пеш аз ҳама писаронаш ҳамроҳ гардиданд. Яке аз писаронаш — Сиддиқхон ҳокимияти Балхро худсарона ишғол кард, пешвоёни қабилаҳои минг, қунғурот ва олчин зидди ӯ бархостанд, вале шикаст хӯрданд. Хевагиҳо бо сардории Анӯша ба Бухоро ҳамла карда, гирду атрофашро хароб ва шумораи зиёди аҳолиро ба қатл расонданд, сипас сӯи Самарқанду Шаҳрисабз равон шуданд, вале ба Субҳонқулихон муяссар гардид, ки ба ишғоли минбаъдаи хевагиҳо хотима бахшад. Дар ин вазъият писараш Сиддиқхон — ҳокими Балх муқобили падар шӯриш бардошт, аммо ноком шуд ва ба қатл расид. Идораи Балх ба амири қабилаи юз Муҳаммадҷонхоҷа атолиқ вогузор шуд. Ҳокими нав ба аҳолии Балх зулми бисёре раво дид ва зидди ӯ шӯриш бархост. Субҳонқулихон барои ором намудани шӯришгарон маҷбуран ҳокимро барканор ва ба ҷояш Ҷавимбий атолиқро таъйин кард. Соли 1688 хони Хева Анӯша дубора ба гирду атрофи Бухоро тохтутоз оғоз намуд ва баъдан писари ӯ Эренк муҳосираи Бухороро идома дод. Субҳонқулихон дар муборизаҳои шадид оқибат бар Эренк пирӯз гардид, барои идораи Хоразм намояндаи худ Ниёз Эшикоқобошии қатағанро фиристод ва Хоразм дубора ба Аштархониён ҳамроҳ шуд. Бо вуҷуди талошҳои бисёри Субҳонқулихон барои пурқувват намудани ҳоки­мияти марказӣ бисёр ҳокимони маҳаллӣ аз итоат ба ӯ саркашӣ менамуданд. Масалан, асосгузори сулолаи амирони маҳаллӣ дар Бадахшон Ёрбек намехост бухороиҳо ба конҳои Бадахшон даст ёбанд. Бо супориши Субҳонқу­ли­хон соли 1692 Маҳмудбий бо лашкари бисёре сӯи Бадахшон ҳаракат намуда, шаҳри марказии он Ҷузгун (Файзобод)-ро ба муҳосира гирифт, лекин фатҳи Бадахшон муяссар нашуд. Ниҳоят, тариқи гуфтушунидҳо Ёрбек розӣ шуд худро вассали хонигарии Бухоро эътироф намояд ва даромади муайян аз маҳсули лаъли Бадахшон ба хазинаи Бухоро бипардозад, лекин амалан Ёрбек ҳокими комилҳуқуқ боқӣ монд. Солҳои охири ҳукмронии Субҳонқулихон мавқеи пешвоёни қабила­ҳои кӯчӣ тақвият ёфт. Ин айём хироҷи яксолаи пулӣ ва молӣ ба андозаи ҳафткарата ситонда мешуд ва ҳамаи ин ба баланд рафтани нуфузи атолиқиҳо мусоидат мекард.[1] Баъди фавти Субҳонқулихон (1702) писари ӯ Убайдуллоҳхон ба тахт нишаст ва то соли 1711 ҳукмронӣ намуд. Ӯ дар идораи корҳои давлатӣ асосан ба қабилаи сершумори юз такя мекард, муқобили ҳокимони маҳаллии саркаш муборизаро шиддат бахшид, вале пешвоёни қабилаҳои кӯчӣ аз тобеъ гардидан ба ҳокимияти марказӣ сар мепечиданд. Соли 1708 Убайдуллоҳхон ислоҳоти пулӣ гузаронд, ки боиси норозигии аҳолӣ ва дар Бухоро сар задани шӯриш гардид. Инчунин дигар тадбирҳо дид, ки ба манфиати амирони турктабор набуданд. Убайдул­лоҳхон бар асари сӯиқасд соли 1711 ба қатл расид. Ба тахт бародари ӯ Абулфайзхон нишаст, ки роҳбариаш то соли 1747 тӯл кашид. Дар замони салтанаташ дар қаламрави кишвар байни ашрофи феодалӣ ва сарлашкарон тез-тез муноқишаҳо ба вуқӯъ пайваста, мулкҳои хурди ҷудогона пайдо шуданд, ҳокимияти марказӣ бештар заиф гашт. Вилоятҳои Фарғона, Балх, Бадахшон, Ҳисор, Шаҳрисабз худро комилан мустақил эълон карданд. Шоҳзодаи хевагӣ Раҷаб­султон дар Самарқанд мулки мустақил ташкил намуда, бо Бухоро рақобат мекард. Кӯчиёни қазоқ муддати ҳафт сол (1723—1730) музофоти байни Самарқанду Бухороро ба харобазор табдил доданд. Сардорони қабилаи минг дар Фарғона давлати мустақил ташкил карданд. Корҳои давлатӣ дар ҳокимияти марказӣ ба дасти намояндаи қабилаи манғитиҳо Муҳаммад Ҳокимбий гузаштанд. Аз чунин фур­сат истифода бурда Эрон соли 1740 Балхро ишғол намуд ва чашм сӯи Мовароуннаҳр дӯхт. Писари калони шоҳи Эрон Нодиршоҳи сафавӣ — Ризоқулихон ҳокими Балх таъйин шуд. Нодиршоҳ ба сифати вассали худ Абдулфайзхонро нигоҳ дошта, ҳокимиятро амалан ба дасти Муҳаммад Ҳокимбий гузошт. Баъди вафоти Муҳаммад Ҳокимбий (1743) Нодиршоҳ ба писари ӯ — Муҳаммад Раҳимбий унвони «амирулумаро» (амири амирон) дода, дар умури давлатдорӣ аз ваколатҳои зиёд бархурдор сохт. Аз соли 1747 Абдулфайзхон амалан аз ҳокимият дур карда шуд. Соли 1747 Муҳаммад Раҳимбий дар мадрасаи Мири Араб Абулфайзхонро ба қатл расонда, расман тахти Бухороро соҳиб гардид. Ба ҳамин ҳукмронии сулолаи Манғития дар Бухоро оғоз ёфт.[1][2]

Хулоса

вироиш

Ҳамин тариқ, сулолаи Аштархониён беш аз якуним аср дар Мовароуннаҳр ва қисми Хуросон ҳукмронӣ кард, тӯли ин давра ҳашт нафар намояндаи аҳли хонадон сари қудрат қарор доштанд. Дар аҳди Аштархониён қисми асосии аҳолии шаҳрҳоро косибон ва савдогарон ташкил медоданд, андози давлат бештар аз ҳисоби деҳқонон ғун мегардид, аҳволи ғуломон бениҳоят вазнин буд, онҳо ҳеч гуна молу мулк ва ҳуқуқ надоштанд. Нақши муҳимро дар низоми давлатдорӣ сипоҳиён мебозиданд, ки ҳайаташонро аксаран турк­­таборону муғулнажодон ташкил медоданд. Аштархониён робитаи тиҷоратиро бо Эрон, Ҳиндустон ва Россия густариш бахшиданд. Аз зуҳуроти хосси ин давра мутамарказонии заминҳо дар дасти феодалҳои калон буд, ки боиси аз байн рафтани моликони хурду миёна ва муфлисшавии мардум шуд. Ҷангҳои доимии дохилии феодалӣ ва бесарусомонҳои сиёсӣ, хиёнати ҳокимони маҳаллӣ, таҷовузи ҳокимони давлатҳои ҳамсоя ва дигар амалҳо дасти Аштархониёнро дар ҳалли бисёр масъалаҳои умдаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кӯтоҳ гардонданд. Бо вуҷуди ин дар аҳди Аштархониён илмҳои гуногун, чун тиб, кайҳоншиносӣ, ҷуғрофия, таърих, назарияи мусиқӣ ва ғ. тараққӣ кардаанд ва ба забони тоҷикӣ асарҳои зиёд офарида шуд. Анъанаҳои мактаби минётурӣ, расмкашӣ, нақшу нигор, кандакорӣ ва хаттотӣ ташаккул ёфтанд.

  1. 1.0 1.1 Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). — Душанбе,2011.
  2. Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китоби якӯм. — Душанбе, 2008. — с. 573

Адабиёт

вироиш
  • Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китоби якӯм. — Душанбе, 2008.;
  • Саидов А. Политическая история Бухарского ханства в XVII — первой половине XVIII в. Д., 2007;
  • Мир Мухаммад Амини Бухари. Убайдулла-наме (Пер. с таджикского с примечаниями А. А. Семенова). Ташкент, 1957.