Абдулазиз ибни Шарафуддин

Абдулази́з ибни Абдулваҳоб (соли таваллуд ва вафот номаълум) — ҳунарманд ва рехтагари тоҷик (охири садаи XIV – ибтидои садаи XV).

Абдулазиз ибни Шарафуддин

Зиндагинома

вироиш

Дар дарбори Амир Темур (ҳукмронӣ 13701405) зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Аз амали Абдулазиз то замони мо осори кам расидааст. Намунаи машҳури ҳунари ӯ деги калонест, ки соли 1399 аз хӯлаи ҳафтҷӯш барои мазори Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (шаҳри Туркистон) рехта шудааст. Ин дег намунаи барҷастаи санъати рехтагарӣ ва мисгарӣ буда, ҳашт ҳалқаи нуқракӯби зарандуд дорад. Дар девораҳои дег тасвири сари шер, мурғ ва моҳӣ муҷассам ва ҳаккокӣ гаштааст. Гирдогирди он бо хатҳои сулс, кӯфӣ ва риқоъ матнҳои гуногун китобат шудаанд.

Сарчашма

вироиш