Абдулатиф Азизов
Абдулатиф Азизов (Азизов Абдулатиф Абдуҳалимович; 12 ноябри 1957, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд) — номзади илмҳои педагогӣ (1995), доктори илмҳои педагогӣ (2013), профессор (2013), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Азизов Абдулатиф Абдуҳалимович | |
Таърихи таваллуд | 12 ноябр 1957 (66 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика (2013) |
Унвонҳои илмӣ | профессор (2014) |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М. Киров (1981) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАбдулатиф Абдуҳалимович Азизов 12 ноябри соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Азизов Абдулатиф соли 1976, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М. Киров-ро бо ихтисоси муаллими нақша, расм ва меҳнат хатм намудааст. Аз соли 1981 то соли 1983 дар мактаби миёнаи № 8 ноҳияи Ғафуров ҳамчун омӯзгори фанни “Нақша, расм ва меҳнат” фаъолият бурдааст. Истеъдоди омӯзгорӣ шавқу рағбат нисбат ба кори илмӣ доштани А. Азизовро ба назар гирифта, соли 1983 ӯро ба вазифаи муаллими кафедраи Асосҳои истеҳсолоти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қабул менамоянд. Мавсуф аз соли 1987 дар вазифаи сармуаллими кафедраи Асосҳои истеҳсолот ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров фаъолият бурдааст. Солҳои 1988-1999 - сармуаллими кафедраи Асосҳои истеҳсолот ва Услуби омӯзиши таълими меҳнат ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров. Солҳои 1995-1997 - моҳи ноябр ҳимояи рисолаи номзадӣ дар шаҳри Брянск, дар Федератсияи Русия. Солҳои 1998- 2013 - дотсенти кафедраи Асосҳои истеҳсолот ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров. Солҳои 2003-2008 - муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети физикаю техникаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров. Солҳои 2008-2012 - декани факултети Физикаю техника ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров. Солҳои 2012-2015 - мудири кафедраи Технология ва методикаи таълими он, факултети физикаю техникаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров. Аз соли 2014-2015 - доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва методикаи таълими он, факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Аз соли 2015 то 2020 - декани факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Аз соли 2020-ҳол - профессори кафедраи технология ва методикаи таълими он, факултети санъти тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров [1]
Фаъолияти илмӣ
вироишАбдулатиф Азизов соли 1995 рисолаи номзадии худро таҳти мавзӯи “Методикаи таълими кандакорӣ аз чӯб барои хонандагони синфҳои 8-9 (аз рӯи маводи ҳунарҳои халқии Тоҷикистони Шимолӣ) дар Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Брянски Россия ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ ва соли 1998 унвони илмии дотсентиро сазовор гашт. Азизов А. соли 2006 дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар давоми фаъолият соли 2012 мудири кафедраи Технология ва методикаи таълими он ва соли 2013 ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии ташаккулёбии эҷодиёти техникӣ дар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ» ҳимоя намуда, соли 2014 ӯ соҳиби унвони илмии профессор гашт. Профессор Азизов А. муаллифи бештар аз 245 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 4 монография, 32 китоби дарсӣ ва Стандарти синфҳои 5-11 мебошад.
Осор
вироишКитобҳо (Монографияҳо)
вироиш- Основы развития техники и технического творчества народов Средней Азии (древнего и позднего средневековья)/ Азизов А.А., Абдуллазаде Х.Ф., Файзиев И.Д.- Душанбе, «Ирфон», 2011.-219 с.
- Дидактические условия организации технического творчество учащихся на уроках технологии/ Азизов А.А.- Худжанд: «Меъроҷ», 2013.-212 с.
Китобҳои дарсӣ
вироиш- Технология/ Азизов А.А., Рахимов С., Исломов С.- Душанбе: «Матбуот», 2003. -226с.
- Технология 5/ Исломов С., Азизов А.А., Рахимов С.-Душанбе: «Сахба», 2004.- 172с.
- Технология 6/ Исломов С., Рахимов С.-Душанбе: «Фарас», 2005. -141с.
- Технология 7/ Рахимов С., Исломов С., Азизов А.А.-Душанбе: «Фарас», 2005. -126с.
- Технология 8/ Рахимов С., Исломов С. Азизов А.А., - Душанбе: «Полиграф Групп», 2009. -191с.
- Технология 9/ Азизов А.А., Рахимов С., Исломов С., Гафурова Р. -Душанбе: «Матбуот», 2008. -174с.
- Технология 9/ Азизов А.А., Рахимов С.,Исломов С. -Душанбе: «Полиграф-центр», 2008.-142с.
- Методика преподавания предпринимательства/ Азизов А.А., Нуриддинова М.И., Рузиев Ш.- Учебник на тадж.яз. Душанбе: «Ирфон» 2010.-168с.
- Технология обработки дерева/ Азизов А.А., Рахимов С.- Худжанд: «Нури маърифат», 2011. -106с.
- Технология обработки металла (для 5-9 кл)/ Азизов А.А., Рахимов С.-Худжанд: «Нури маърифат», 2011.- 117с.
- Технология 10/ Азизов А.А., Рахимов С., Нуриддинова М, Дадочонов А.А., Косимов М.- Душанбе: «Мавлави»-2011.- 224с.
- Техника и образование/ Азизов А.А., Б.Майер, Сангов Н., Рахимов С.П.- Душанбе: «ЭР-граф», 2011.- 252с.
- Техника и образование/ Азизов А.А., Б.Майер, Сангов Н., Рахимов С.- Душанбе: «ЭР-граф», 2011.- 280с.
- Экономическая грамотность/ Азизов А.А., Сайисмонов Р., Нуриддинова М.И., Мирокилов Х.-Душанбе: Позитив Сервис, 2012.- 111с.
- Технологический практикум/ Азизов А.А., Ашурова Т.А.- Худжанд: «Нури маърифат»,-2013.-140с.
- Технологический практикум (Ручная обработка металла) Часть 1/ А.А. Азизов, Н.Мухаммаджонов, С.Рахимов- Худжанд. 2014.-123с.
- Профессиограмма/ Азизов А.А., Ашурова Т., Мирзоходжаев М.- Худжанд: Нури маърифат, 2014.-140с.
- Ташкили фаъолияти лоиҳавии мутахассисони оянда ва истифодаи усулҳои таълим дар дарсҳои технология/ Азизов А.А., Ашурова Т.А.- Худжанд: Нури маърифат, 2014.-116с.
- Касбу ҳунар (Барои писарон) синфи 5/ Исломов С., Азизов А.А., Раҳимов С.-Душанбе: Маориф, 2014.-171с.
- Практикуми технологӣ. Қисми якум/ Азизов А.А., Неъматов Л.Х., Абдуалиев А.Х.-Конибодом: Вектор-Канд, 2015.-123с.
- Практикуми технологӣ. Қисми дуюм/ Азизов А.А., Неъматов Л.Х., Абдуалиев А.Х.-Конибодом: Вектор-Канд, 2015- 140с.
- Ташкил ва таҷҳизонидани кабинети таълимӣ-методии раҳнамоии касбӣ дар мактаб/ Азизов А.А., Муталлибов Р. Додољонов А.А. Ашӯрова Т.А- Конибодом: Вектор-Канд, 2015.-160с.
- Технология (таълими меҳнат барои писарон) синфи 7/Исломов С., Раҳимов С., Азизов А.А.- Душанбе: Маориф, 2015.-127с.
- Услуби таълими асосҳои иқтисодиёти бозоргонӣ/ Азизов А.А., Нуриддинова М.И., Мухторова Г.-Душанбе: Ирфон, 2016.- 179с.
- Маҷмӯаи тестҳо аз фанни “AutoCAD»/ Азизов А.А., Азизов Ш.Ю.- Хуҷанд: Меъроҷ, 2017.-112с.
- Китоби дарсӣ барои синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ/ Азизов А.А., О.А. Исломов, С. Раҳимов,Р. Ғафурова-Душанбе, «Вазорати маориф», 2017.-192с.
- Гаҷкорӣ/ Азизов А.А., Азизов Ш.Ю, Раҳимов У.-Хуҷанд “Нури маърифат”-2018.-132с.
- Наққошӣ/ Азизов А.А., Азизов Ш.Ю., Бобоева Ш.-Хуҷанд, “Нури маърифат”-2018.-126с.
- Кулолгарӣ / Азизов А.А., Азизов Ш.Ю.-Хуҷанд, “Нури маърифат”-2018
- Кандакорӣ/ Азизов А.А., Азизов Ш.Ю. Уралова Н.-Хуҷанд, “Нури маърифат”-2018.-120с.
- Методикаи таълими нақшакашӣ/ Азизов Ш.Ю., Ҷӯраев К., Дадоҷонов А.-Нашриёти “Зинат” Душанбе 2018.-418с.
- Методикаи таълими технология (таълими меҳнат) дар низоми муносибати босалоҳият/ Азизов А.А., Сайфиддинов М.,Мӯминов Ф, Ҷӯраев М.-Хуҷанд, “Нури маърифат”-2018.-400с.
Ҷоизаҳо
вироишПайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Кафедраи технология ва методикаи таълими он Азизов Абдулатиф Абдуҳалимович(тоҷ.). www.hgu.tj. 18 Январ 2024 санҷида шуд.