Абдулатиф Раҳимов
Абдулатиф Раҳимов — муҳандис-технолог, доктори илмҳои иқтисодӣ (2005).
Абдулатиф Раҳимов | |
---|---|
Абдулатиф Раҳимов | |
Таърихи таваллуд: | 15 сентябр 1958 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | иқтисод |
Ҷойҳои кор: | кумитаи комсомоли ш. Чкалов, Кумитаи хифзи табиати ш.Чкалов, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишкадаи олии техникии ба номи Н.Э.Баумани ш.Маскав |
ЗиндагиномаВироиш
Донишкадаи олии техникии ба номи Н.Э.Баумани ш. Маскавро хатм кардааст (1981). Мухдандис-технолог дар заводи таъмири автомобили ш. Чкалов (1981-1983), мудири шуъбаи ташкилии кумитаи комсомол (1983-1986), котиби дуюми кумитаи комсомоли ш. Чкалов (1986-1987), раиси Кумитаи хифзи табиати ш.Чкалов (1989-1996), сармуаллими кафедраи биологияи умуми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1996-2000), сармуаллими кафедраи назарияи иқтисодӣ (2000-2001), дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2001-2002), мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ (2003), декани факултаи молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2007). Муаллифи бештар аз 40 мақолаи илмӣ, дастурхои методӣ ва 3 монография мебошад. Тадқиқоташ ба масъалахои баландбардории сатҳи ракобатпазирии иқтисодиёти миллӣ бахшида шудааст.
Осори илмӣВироиш
- Муаммоҳои монополизм дар иқтисодиёт. - Д.: Дониш, 2000;
- Муаммоҳои баландкунии сатхи рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ. - Д.: Дониш, 2004;
- Тарафҳои монополӣ ва иқтисодии рақобатнокии миллӣ. -Д.: Дониш, 2005.[1]