Абдулваҳҳобхо́ҷа (асри 16) — шоири тоҷик.

Абдулваҳҳобхоҷа
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ: Бухоро
Маҳалли даргузашт: қарияи Асфардон, вилояти Нисо
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш Бухоро. Дар 80-солагӣ дар қарияи Асфардони вилояти Нисо фавтидааст. Бо тахаллуси Ориф низ шеър мегуфт. Аз авлоди тазкиранигори садаи XVI Хоҷа Ҳасани Нисорӣ будааст. Бино ба маълумоти ин тазкира Абдулваҳҳобхоҷа дар назди падараш илм омӯхта, аз шахсони таҳсилдида ва машҳури аҳди худ буд. Аз фанни шеър вуқуфи тамом дошта, пайваста эҷод мекардааст. Ба қавли Нисорӣ ашъори Абдулваҳҳобхоҷа малеҳ, гуфтораш фасеҳ буда, дар ғазал ба тасаввуфу ирфон майл доштааст.

Намунае аз ашъори ӯ:

Сарбаландон, ки ба даргоҳи ту доранд саре,
Ки сари хеш ба фирдавс фурӯ меоранд.
Ҳаваси теғи ту ҳар тоҷварро нарасад,
Ин ҳавоест, ки хосони ту дар сар доранд.
Орифо, дурҷи ҳақоиқ барорӣ аз гӯш,
Кӯҳли тақлид на шоистаи ин осоранд.

Адабиёт

вироиш