Абдулваҳҳоб Мирзо
Абдулваҳҳо́б Мирзо́ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан байни 1860 – 70, шаҳри Китоб) — хаттоти тоҷик.
Зодгоҳ: | Бухоро |
---|---|
Навъи фаъолият: | хаттот |
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Бухоро. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Абдулваҳҳоб Мирзо бештар аз 100 асарро ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ бо хати шикаста ва настаълиқ китобат кардааст. Аз осори хаттотии Абдулваҳҳоб Мирзо то замони мо маснавиҳои Ҷалолуддини Румӣ ва «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозими Ҳиравӣ расидаанд. Ин асарҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.