Абдулкари́ми Гелонӣ (маъруф ба Абдулкарим ибни Иброҳими Ҷилӣ; ар. عبد الكريم الجيلى‎; 1365, Бағдод — 1428, ҳамон ҷо) — яке аз намояндагони машҳури тасаввуф.

Абдулкарими Ҷилӣ
ар. عبد الكريم الجيلي
Таърихи таваллуд 1366 ё 1366
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1424
Кишвар

Зиндагинома

вироиш

Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ ба ҷуз чанд ишорае дар осораш ва нашри муқаддимаи асараш «Инсони комил» чизи дигаре маълум нест. Мувофиқи маълумоти тасвиршуда дар онҳо Абдулкарими Гелонӣ муриди суфии бузурги замонаш Шарафуддини Ҷабарутӣ будааст.

Таълимот

вироиш

Таълимоти асосии фалсафию ирфонии ӯ дар китоби «Инсони комил» баён шудаанд. Афкори ирфонии Абдулкарими Гелонӣ аз ду қисмати асосӣ иборатанд. Дар қисмати аввал ҳастишиносӣ ва дар бахши дуюм масъалаҳои маърифати вуҷуди ҳақиқати илоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Абдулкарими Гелонӣ муътақид аст, ки вуҷуди мутлақ яке беш нест ва ҳамаи касрати олам ваҳмӣ ва падидорист, зеро ҳақ ба унвони вуҷуди мутлақ худро дар ойина (мазҳараш) падидор мекунад ва иртиботу муносибати ҳаққу халқро барқарор месозад. Ҳақиқати мутлақ зотан (бинафсиҳӣ) вуҷуд дорад ва ҳеч тафсили лафзӣ наметавонад камолу зоти ӯро ифода кунад, онро танҳо ба воситаи олами моддӣ шинохтан мумкин аст. Зеро он танҳо як амри эътиборӣ (моҳият) нест, балки он воқеияти айниест, ки сурати хориҷии (зоҳирӣ) ҳақро мутаҷаллӣ месозад.

Ба тариқи боз ҳам содатар касрату тақсимпазирӣ дар ҷаҳони моддӣ таҷаллии зоти илоҳӣ ҳастанд, айнан мисли он ки сифот дар таҳлили ниҳоӣ бо зот яке мебошанд. Дар фасли 57-и «Инсони комил» Абдулкарими Гелонӣ бо сароҳат тафаккурро ҳаюлои олам унвон кардааст. Ӯ мегӯяд: «Тафаккур ҳаёт ва рӯҳи олам аст…вуҷуд чизе нест, магар андеша, андеша реша ва маншаи ҳастӣ (вуҷуд) аст ва зотест, ки худо дар он яксара мутаҷаллӣ мешавад» (216). Пас ҳастӣ (вуҷуд) чизе ҷуз андеша дар андеша нахоҳад буд ва аз тариқи ҳамин андеша ба зоту сифоти ҳақиқати мутлақ иттисол пайдо намудан мумкин аст.

Аз ин нуқтаи назар, Абдулкарими Гелонӣ раҳмонияти (бахшандагии) илоҳиро аз таҷаллии зот ба асмову сифоте (асмо-ул-ҳусно) иборат медонад, ки онҳо хоси холиқанд ба мисли аҳадият, воҳидият, самадият ва ғайра (монанди ширинии шакар аз найшакар). Дар мартабаи илоҳият ҳақиқати мутлақ ба сифоте таҷаллӣ хоҳад кард, ки шомили ҳам сифоти холиқ ва ҳам сифоти махлуқ мебошад, ба мисли ҳаёт, илм, қудрат, ирода, калом, самъ, баср, ки ҳаққу халқ ҳар ду ин сифатҳоро доро мебошанд. Ҳамин масъаларо Абдулкарими Гелонӣ ба ибораи дигар, дар «Инсони комил» равшантар баён карда, аз ҷумла мегӯяд, ки Худо ҳаюлои олам аст, яъне Худо монанди обест, ки ҳақиқати ях аст ва ҷаҳон монанди ях аст, ки чизе ба ҷуз об нест (яъне худо дар сурати оби мунҷамид). Пас ҷаҳону худо як чиз ва ба ҳам муттаҳиданд. «Ҷаҳон чизе нест магар ях ва ях, бино ба назари мо, чизе нест, магар об. Лизо (бинобар он) эътиқоди мо ин аст, ки яху об ҳар ду якеанд» (362).

Аз ҳамин нуқта таълимоти маърифатии Абдулкарими Гелонӣ оғоз шудааст. Инсон, ки дар вуҷудаш отифаи илоҳиро ба унвони нафс (рӯҳ) дорад, бояд ҳақиқатро дарк кунад, зеро ҳақиқат воҳид аст ва огоҳӣ аз ин воҳиди ҳақиқӣ, ба фикри Абдулкарими Гелонӣ ба инсон ногаҳон зоҳир намешавад. Инсон қодир нест, ки ҳамаи ҳақоиқи илоҳиро дар замони валодату балоғат дарёбад. Ӯ танҳо дар натиҷаи тай намудани маротиби суудӣ ба сӯи ҳақиқат метавонад зоти Бори таолоро дарк кунад. Барои чунин амал Абдулкарими Гелонӣ чаҳор мартабаи мухталифро дар «Инсони комил» пешниҳод намудааст:

  1. шуҳуди феъл — инсон эҳсос мекунад, ки Худо дар ҳамаи аъёни олам аз рӯи қудовати зотиаш зуҳур кардааст. Барои дарки он ӯ бояд зинаҳои муайяни мақомот ва аҳволи тасаввуфиро дарк намояд;
  2. шуҳуди асмоъ (исмҳо) — вақте ориф, яке аз исмҳои илоҳиро ба таври завқӣ (на ақлӣ) кашф кард, ҳастии ӯ яксара таҳти султаи илоҳӣ қарор мегирад ва вуҷуди моддии ӯ нопадид мегардад. Дар натиҷа дар назари ӯ падидаи дигаре зоҳир мегардад ва ӯ мефаҳмад, монанди мавҷҳои дарё ба худи дарё пайвастааст;
  3. шуҳуди сифат — дар ин марҳила ба воситаи дарки сифоти илоҳӣ нафсу вуҷуди ориф фонӣ мешавад, рӯҳи махлуқии инсон аз байн меравад ва ҷои онро вуҷуди худо дар қалбаш пур мекунад, суфӣ воҳидро дар касир мебинад ва худ ба унвони воҳид амал мекунад;
  4. дар охирин марҳила аз шуҳуд, ки Ҷилӣ онро ишроқи сифоти илоҳӣ меномад, қалби ориф ба нуре мунаввар хоҳад шуд, ки дар он тамоми аъёни оламро дар гӯшаи калби худ ҷой медиҳад. Ба ибораи дигар, инсон дар худ мемирад (марги қабл аз мавт) ва ҷони ӯ ҷавҳари илоҳиро дармеёбад.

Ӯ комил мешавад ва мазмуну мундариҷаи Инсони комил аз ҳамин иборат аст.

Албатта, ин мухтасари таълимоти Абдулкарими Гелонӣ дар бораи инсони комил аст, ки дар китобаш ба он обу ранги бадеию ирфонӣ бахшида, ба мисолу муқоисаҳои матолиби ҷолиби зинаҳои нузулию суудӣ онро устокорона ба қалам додааст ва иртиботи ногусастании ҳақу холиқ ва худову инсонро шарҳу тафсир намудааст. Аз ҷумла, ӯ гуфта, ки Инсони комил қутбест, ки сипеҳри вуҷуд аз оғоз то анҷом дар меҳвари ӯ мечархад. Он дар шеваҳои гуногуни таълимоти орифон ҷомаҳои гуногун ба тани мавзуни худ пӯшида, бо номҳои гуногун арзи вуҷуд намудааст. Чандин масъалаҳои ҳошиявии марбут ба ҳамин масъала низ дар асари Абдулкарими Гелонӣ «Инсони комил» матраҳ шудаанд.

Аз Абдулкарими Гелонӣ ба рӯзгори мо ду асар бо номҳои «Ал-инсон-ул-комил фӣ маърифат ил-авохир ва-л-авоил» ва «Арбаин маротиб» омада расидаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Дор Б. А. Маҳмуди Шабистарӣ. Гелонӣ ва Ҷомӣ, дар кит. Таърихи фалсафа дар Эрон. ҷ. 2. Т., 1365;
  • Саидҳусайни Наср, Дин ва низоми табиат Т.;
  • Ҳазратқулов М. Тасаввуф, Д., 1988.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш