Абдулкарим (хаттот)
Абдулкари́м (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи тоҷик (охири садаи XIX – аввали садаи XX).
Зодгоҳ: | Бухоро |
---|---|
Навъи фаъолият: | хаттот |
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Бухоро. Абдулкарим аз хаттотони мумтози давраш ба ҳисоб рафта, ба хати Имоди Қазвинӣ пайравӣ ва тақлид кардааст.
Осор
вироишАз намунаҳои хати Абдулкарим бисёр қитаоти ҷудогона ва асарҳои китобатшуда боқӣ мондаанд. «Девони ғазалиёт»-и Ҳасанмуроди Одил (1909), «Таърихи Муллозода»-и Аҳмад ибни Маҳмуди Муллозода ва «Таърихи Наршахӣ»-и (1912) Муҳаммад ибни Наршахӣ аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳои китобати Абдулкарим буда, бо хати настаълиқи хоно ва зебо китобат шудаанд. Ҳар сеи ин китобҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ ӯзбекистон маҳфузанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |