Абдулкари́м (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).

Абдулкарим
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ

Зиндагинома вироиш

Дар тазкираҳои садаи XVI ин шоир чун шахси асилзода, шоири хуштабъ, дорои суханони марғуб ва ашъори дуррбор ёд гардидааст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-аҳбоб» Абдулкаримро яке аз шогирдони худ донистааст. Абдулкарим шеърҳои худро аз назари Нисорӣ ва чанде аз аҳли қаламу ҳаммаслакони худ мегузаронид. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъораш ба воситаи тазкираҳо ва баёзҳо то замони мо расидаанд. Ин абёт аз ӯст:

Суруду нолаам, эй дил, аз он асар дорад,
Ки пеши ғамзаи ӯ ҷой дар ҷигар дорад.
Зи ҷамъи доираи аҳли дил бурун бодо,
Касе, ки то дами мурдан дил аз ту бардорад.
Чӣ гуна ганҷи муҳаббат ниҳон кунам дар дил,
Ки он хароба ба ҳар сӯ ҳазор дар дорад…

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш