Абдулкарим (ҳокими Ҳисор)
Абдулкари́м (соли таваллуд ва вафот номаълум) - ҳокими Ҳисор (тахминан солҳои 1840 – 1860). Фарзанди Саидбийи Атолиқ.
Падар | Саидбийи Атолиқ |
---|
Ҳукмронӣ
вироишАбдулкарим бо амири Бухоро иртиботи нисбатан хубе доштааст. Соли 1850 беки Балҷувону Кӯлоб Мизробшоҳ бо шоҳи Дарвоз ба Ҳисор ҳамла карда Душанберо оташ заданд. Амири Бухоро Музаффар (1860 – 1885) борҳо ба сӯи Ҳисор лашкар кашида мардуми бисёреро ба қатл расонд. Абдулкарим истиқлоли мулки худро дар минтақа устувор дошта натавонист. Билохира Ҳисор ва мулкҳои атрофи он (Дарвоз, Кӯлоб, Балҷувон ва ғайра) ба тобеияти аморати Бухоро даромаданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Юсупов Ш. Т., К истории дореволюционного Душанбе (Конец XIX – нач. XX вв), Д., 1988;
- Мухторов А. М., Ҳисор. Очерки таърихӣ (Охирҳои асри XIX – аввали асри XX), Д., 1995
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |