Абдуллати́фи Ҷомӣ (форсӣ: عبداللطیف جامی[1]; асри 16) — шоир ва сӯфии форс-тоҷик.

Абдуллатифи Ҷомӣ
Зодгоҳ: Ҷом
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ, туркӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар зодгоҳаш шаҳри Ҷом таҳсил намуда, ба камол расидааст. Аз авлоди Аҳмади Ҷомӣ буд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Абдуллатифи Ҷомӣ аз улуми мутадовили замон — адабиёт, фиқҳ, иншо, забони арабӣ ва ғайра баҳраманд гардида, дар муҳити худ шуҳрати зиёде доштааст. Барои такмили таҳсил ба кишварҳои Шарқ сафар карда, бо аҳли илму адаб ҳамсуҳбат шудааст. Дар як байташ мегӯяд:

Дар сафар гаштану ин бесарусомонии мо,
Баҳри ҷамъияти дилҳост парешонии мо.

Мувофиқи маълумоти тазкиранигори садаи XVI Хоҷа Ҳасани Нисории Бухороӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») Абдуллатифи Ҷомӣ ба туркӣ низ шеър мегуфтааст. Абдуллатифи Ҷомӣ бо нигоштаҳои худ дар адабиёти тоҷики садаи XVI мақоми баланд дорад. Рубоии зерин аз ӯст:

Хуршеди ҷамоли дӯст тобон шудааст,
Олам зи фурӯғи ӯ гулистон шудааст.
Ҳар зарра, ки дар кавну макон мебинӣ,
Аз партави рӯи дӯст рахшон шудааст.

Адабиёт

вироиш