Абдуллатиф ибни Абдуллоҳ Аббосӣ

Аббосӣ Абдуллатиф ибни Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — адиби форсизабони Ҳиндустон (асри 17).

Абдуллатиф ибни Абдуллоҳ Аббосӣ
Навъи фаъолият: нависанда

Зиндагинома вироиш

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Аз ҷумлаи корҳое, ки Аббосӣ ба сомон расонидааст, мураттаб сохтан ва муқаддима навиштан ба тазкираи Сӯфии Мозандаронӣ «Бутхона» мебошад. Аббосӣ ба ин асар, ки танҳо аз намунаҳои ашъор иборат буд, шарҳи ҳоли шоиронро афзудааст.

Сарчашма вироиш