Абдуллоев, Музаффар Мансурович

Музаффар Абдулло́ев (Абдуллоев Музаффар Мансурович (тав. 6 июни 1967, Конибодом) — арбоби низомӣ, генерал-майор (2004).

Музаффар Абдуллоев
Абдуллоев Музаффар Мансурович
Зодрӯз 6 июн 1967(1967-06-06) (56 сол)
Зодгоҳ Конибодом
Мансубият  Тоҷикистон
Рутба генерал-майор (2004)

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишкадаи олии ҳарбии автомобилии шаҳри Уссурийск (1988) ва Академияи ҳарбии автомобилии Россия (2000). Солҳои 1988 – 92 сардори шуъбаи худрав дар қисмҳои низомии Иттифоқи Советӣ (Ленинград), 1992 – 93 командири рота дар Артиши Тоҷикистон, 1993 – 95 сардори шуъбаи автомобилии Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон, 1995 – 97 муовини командир ва командири қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, 2001 – 05 сардори Ситоди қӯшунҳои хушкигард, муовини вазири мудофиаи ҶТ, 2005 – 06 сардори раёсати Вазорати мудофиаи ҶТ, 2006 – 07 муовини раиси Комитети давлатии сарҳади ҶТ, 2007 – 08 сардори раёсати Комитети давлатии амнияти миллии ҶТ, 2008 – 2010 сардори шуъбаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ. Аз соли 2010 нафақагир.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш