Абдуллоҳбеки Котиб

Абдуллоҳбе́ки Коти́б (? – 1914, Бухоро) — хаттот ва хушнависи тоҷик (асри 19).

Абдуллоҳбеки Котиб
Навъи фаъолият: хаттот,хушнавис

Зиндагинома вироиш

Аз мирбачаҳои Яккабоғ будааст. Амир Музаффар ҳангоми Яккабоғро зери тасарруфи худ гирифтан Абдуллоҳбеки Котиб ва бародари ӯ Абдураҳмонбекро ба Бухоро овард. Бародари Абдуллоҳбеки Котибро ба қатл расонид ва худи ӯро ҳабс кард. Ҳангоми даҳ соли дар маҳбас будан Абдуллоҳбеки Котиб ба таври худомӯзӣ хатро машқ кард ва камол ёфт. Дар навиштани хати насх ба пояи Мирубайд ва дар настаълиқ ба Миралии Ҳиравӣ расид, гарчанде ба ин ду устоди насху настаълиқ касе баробар нашуда буд. Аз осори китобати ӯ «Мусҳаф» (таҳти рақами 2117) ва «Сурат-ул-аврод» (таҳти рақами 2480) дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд, ки бо хати нодиру зебо рӯйнавис шуда, дорои қимати баланди бадеӣ мебошанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш