Абдуллоҳи Котиб
Абдулло́ҳи Коти́б (асри 19) — хаттоти тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар Бухоро зистааст. Падараш бо номи Авазбадал Котиби Балхӣ машҳур буд. То замони мо аз Абдуллоҳи Котиб осори бисёри хаттотӣ расидааст. ӯ «Воқеоти Ҳисомӣ»-и Ҳисомуддин Умари Бухороӣ (1820), «Шарқ-ул-фусул»-и Рукнуддини Шерозӣ (1821), «Чаҳор унсур»-и Бедил (1824), «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро (1824) китобат кардааст. Ин асарҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдуллоҳи Котиб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.