Абдулло́ҳи Маҳнаӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).

Абдуллоҳи Маҳнаӣ

Зиндагинома

вироиш

Пас аз касби камол ба доираи адабии шаҳри Ҳирот ворид гардид ва ҳамон ҷо ба кори эҷодӣ машғул буд. Аз завқу табъи баландаш дар шеъру шоирӣ тазкиранигорон Навоӣ («Маҷолис-ун-нафоис») ва Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») дарак додаанд. Абдуллоҳи Маҳнаӣ дар сурудани ғазал моҳир будааст. Аз девонаш иттилое дар даст нест. Дар тазкираҳо ва баёзҳо намунаҳои шеъраш дарҷ гардидаанд. Ин абёт аз ӯст:

Ҳеч шаб нест, ки аз ҳаҷри туам мотам нест,
Бе ту рӯзи мани мотамзада аз шаб кам нест.
Маҳраме нест, ки гӯяд сухани ман бо ӯ,
Он ки гӯяд сухани ман бари ӯ маҳрам нест.

Адабиёт

вироиш