Абдуллоҳи Мусаввири Хуросонӣ

Абдулло́ҳи Мусавви́ри Хуросонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — наққош ва рассоми форс-тоҷик (асри 16).

Абдуллоҳи Мусаввири Хуросонӣ

Зиндагинома вироиш

Аз рӯйи сабку услуб намояндаи Мактаби минётураи Бухоро аст, вале дар асарҳои ӯ таъсири анъанаҳои Мактаби минётураи Ҳирот бештар мушоҳида мешавад. ӯ ин равияро аз устоди худ Маҳмуди Музаҳҳиб омӯхта, ҷиҳатҳои пешқадами санъати минётуранигориро идома додааст.

Осори боқимонда вироиш

То замони мо аз осори ӯ минётураҳои «Гулистон» (1542) ва «Бӯстон» (1575)-и Саъдӣ, «Тӯҳфат-ул-Аҳрор»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (1550 ва 1575) омада расидаанд. Бартарии услуби Абдуллоҳи дар он аст, ки вай ба воқеият ва тарзи хоси қиёфаю ҳаракати инсон аҳамият дода, ҷанбаҳои воқеии (реалистии) санъати тасвирии халқи тоҷикро инкишоф додааст. Мусаввараҳои ӯ бо зебоӣ, ҷилваи рангҳо, нозукию возеҳият ва мавзӯи пандомӯз дар санъати тасвирии ниёгон нақши тоза гузоштаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ашрафӣ М., Таджикская миниатюрасри Бухарская школа XVI – XVII вв., Д., 2011.

Сарчашма вироиш