Абдуллоҳи Нойӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — навозанда, сароянда ва мусиқидони форсу тоҷик (охири садаи XV ва ибтидои садаи XVI).

Абдуллоҳи Нойӣ
Таърихи таваллуд 1467(1467)
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1567(1567)
Пеша(ҳо) навозанда, сароянда

Зиндагинома

вироиш

Абдуллоҳи Нойӣ дар Ҳирот, дар хонаводаи аҳли фарҳанг таваллуд шуда, асосҳои ибтдоии шеъру мусиқиро аз падару амакаш омӯхтааст. Барои такмили пешаи сознавозӣ назди устоди мусиқӣ Алидӯсти Ноӣ муддате чанд ҳунаромӯзӣ кард. Дар най-навозӣ беқарина буд ва ҳунари ӯро Дарвешалии Чангӣ («Тӯҳфату-с-сурур») тавсифи зиёде карда, аз ҷумла мегӯяд, ки «аз овози форами най ҳамаро ба гулистон бурда». Абдуллоҳи Ноӣ муддате чанд ба Бухоро сафар карда, аз Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ бисёр нозукиҳои мусиқиро фаро мегирад. Баъдан ба Ҳисору Балх сафар карда, бо донанда-гони созу овоз ҳамкорию аз ҳунарашон баҳра меандӯзад.

Эҷодиёт

вироиш

Асарҳои мусиқии ӯ «Савти дилреш» (бар усули «Мухаммас», ба шуъбаи «Сегоҳ»), «Савти дилошӯб» (бар усули мақоми «Ироқ»), «Пешрави ситамкаш» (бар усули «Самоъӣ», ба мақоми «Ҳусайнӣ»), «Амали гардуни Нойӣ» бар усули «Уфар», ба мақоми «Наво» ва ғ. дар ҳаёти мусиқӣ эътибори зиёд доштаанд. Мусиқидонон Дарвеш шайх Қаландари Ҳиравӣ, Устод Алии Боқӣ, Алид-ӯсти Нойӣ, Ҳофизи Қонунӣ ва диг. ба осори му-сиқии А.Н. дар усулу вазнҳои «Миаттайн», «Дав-ри равон», «Куллиёт» тазминҳои мусиқӣ намуда-анд. Ӯ инчунин ба мақомҳои «Кучак», «Бусалик», «Ҳусайнӣ» асарҳои таркибан мураккаби мусиқӣ эҷод намуда, ғазалҳои орифона низ сурудааст. Мадфанаш дар мавзеи Ҳазрати Султон Аҳмади Хизрӯяи Ҳирот аст.

Адабиёт

вироиш
  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас. XII-XV, - Душанбе, 1998;
  • Дарвешалии Чангӣ, Туҳфату-с-сурур, дастхат (№148), Аф. Уз.;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1., Душ., 1988;
  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир, Тошканд, 1963;
  • Таджикская музыка, - Душанбе, 2003.[1]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 12 ISBN 978-99947-49-13-3