Дарвешалии Чангӣ (с. тав. 1542-43, Миёнколот, с.ваф. 1649 Бухоро, Дарвешалии Чангии Хоқонӣ писари Мирзоалии Чангӣ ибни Абдуалӣ ибни Муҳаммад Муъмини Қонунӣ ё худ Амир Қосими Қонунӣ ибни Хоҷа Абдулло ибни Хоҷа-муҳаммади Марворид, машҳур ба Дарвешалии Чангӣ) — сароянда, навозанда, шоир ва мусиқишиноси машҳури тоҷик, зодаи Миёнколоти Бухорост. Ӯ дар хонаводаи шоир, навозанда ва мусиқишинос Мирзоалии Чангӣ ба дунё омада, асосҳои шеъру мусиқӣ, сознавозӣ, овозхониро аз падараш омӯхт. Фаъолияти омӯзишии Дарвешалии Чангӣ Дар мактаби эҷодию иҷроӣ, таҳқиқии Самарқанд сурат гирифта, шеъру мусиқӣ, овозхонӣ, сознавозиро аз устодони мусиқӣ Алидӯсти Нойӣ, Устод Алиакбар Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, Устод Абдусаттори Қонунии Самарқандӣ, Устод Арабнавои Қобузии Самарқандӣ, Мавлоно Ҳасани Кавкабии Самарқандӣ, Устод Ҳусайни Удии Самарқандӣ, Амир Фатҳии Тошкандӣ, Устод Дарвеши Қонунӣ ва дигарон андӯхтааст. Ӯ бо доираҳои адабию ҳунарии Самарқанду Бухоро, Марв, Тошканд, Ҳироту Балх аз овони ҷавонӣ иртибот дошта, аз онҳо паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти бадеии гузаштаю муосири Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндро фаро мегирад. Дар санъати мусиқӣ ба дастовардҳои ҳунарӣ комёб шуда, дере нагузаш-та ӯ ба сифати мутриб ба дарбори ҳокимони Шайбонию (1499-1599), Аштархонӣ (1598-1747) даъват мешавад ва муддати тӯлонӣ дар (роҳбарии меҳтархона, наққорахона) Абдуллохони Шайбонӣ, Имомқулихони Аштархонӣ (1611-1647) будааст. Д.Ч. дар доираҳои адабию ҳунарии замони шайбонию аштархонӣ бо устодони адабиёту таърих, ҳунарҳои бадеӣ (хаттотон, наққошон, тазкиранависон, мутрибон ва ғайра) аз наздик шинос шуда, роҷеъ ба масоили афкори адабию ҳунарии дирӯзу замонааш, мактаб, равияҳои эҷодию иҷроии шеъру мусиқӣ махсусан ҳавзаҳои ҳунарии Бухорою Самарқанд, Марв, Ҳирот, Балх, Хоразм, Машҳаду Табриз, Шерозу Исфа-ҳон, Ҳинд ва ғ. ахбору хулосаҳои ҷолиберо дар асараш (ниг. «Тӯҳфату-с-сурур») ба қалам овардааст. Ӯ дар ҳамкории эҷодӣ бо устодаш Фатҳии Тошкандӣ ва дигарон дар вусъати жанру шаклҳои мусиқӣ, идомати суннати эҷодию иҷроии мусиқӣ, тарбия ва камолоти насли нави ромишгарони замонааш, ки муддати тӯлонӣ сарварии ромиш-сарои шайбонию аштархониро ба уҳда дошт, мусоидат намудааст. Дарвешалии Чангӣ чун мусиқидон, оҳангсоз ва навозандаи бомаҳорату донишандахта дар жанру шаклҳои шеърию мусиқии «амал», «савт», «нақш», «тарона», «пешрав», «кор», «навбат», «рехта», «саҷъ» ва ғ. асарҳои ҳирфаии мураккаб-таркиб эҷод намудааст. Зимни ин дар пешрафти шаклу анвои шеърии замонааш саҳми босазо гу-зошта, чун суханвар дар тарбияи насли нав шоирон-ромишгарон, ромишгарон-шоирон, мусиқидонон доираҳои дарборӣ ва берун аз он ҳам нақши хоса гузошта аст. Дарвешалии Чангӣ дар пешрафти тафакури илмии мусиқӣ ҳам саҳми бузург дошта, дар асараш «Туҳфату-с-сурур» (Рисолаи мусиқӣ) на фақат назари таҳлилии мусиқии замонааш, инчунин афкори мусиқии дирӯз (мусиқидонони гузаштаро) бар пояи манобеи хаттии муътамад ба ҳаёти мусиқии садаҳои XVI-XVII ворид намуда, дар ҷараёни таҳқиқ ба натиҷагириҳои тоза дастёб шудааст. Асари Дарвешалии Чангӣ чун тазкираи адабию мусиқӣ аз муҳимтарин манобеи хаттӣ оид ба таърих ва назарияи мусиқии тоҷик ва мардумони ғайри эронист. Дарвешалии Чангӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги замонааш даст дошт ва асари барҷастааш «Тӯҳфат-ус-сурур» аз муҳимтарин манобеи хатти доир ба ҳаёти мадании садаҳои XVI-XVII Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд аст.

Дарвешалии Чангӣ
Дарвешалии Чангӣ
Таърихи таваллуд 1542
Зодгоҳ шаҳри Миёнколот
Таърихи даргузашт 1649
Пеша(ҳо) навозанда,сароянда

Адабиёт вироиш

Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ; Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:468-1, ИШАФ Уз.; Дарвешалии Чангӣ, Туҳфату-с-сурур, Р:264 ИШАФ Тоҷикистон; Семёнов А.А. Среднеазиатский трактат по музыке Дервиш-Али XVII в. Таш., 1946; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988; Таджикская музыка, Душ., 2003.[1]

Ҳамчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 59 - 60 ISBN 978-99947-49-13-3