Абдуллоҳи Шабистарӣ

Абдулло́ҳи Шабистарӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Абдуллоҳи Шабистарӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Аз авлоди Маҳмуди Шабистарӣ. Дар Самарқанд, Ҳирот ва Осиёи Хурд зиндагиву таҳсил ва эҷод кардааст. Дар илмҳои таърих, ирфон, хусусан риёзиёт яке аз зубдаҳои даврон эътироф гардидааст. Соли 1520 аз Самарқанд ба Осиёи Хурд сафар карда, ба хидмати дарбори Султон Салим (ҳукмр. 1512 – 20) расид. Абдуллоҳи Шабистарӣ дар шеър «Ниёзӣ» тахаллус дошт. Дар девонаш маснавӣ, ғазал, қасида, рубоӣ ва қитъаҳои сурудааш фароҳам омадаанд. Маснавие дорад бо номи «Шамъу Парвона». «Рисола дар қавоиди муаммо» яке аз осори пажӯҳишии Абдуллоҳи Шабистарӣ мебошад. Маснавиаш мазмуни орифона-тасаввуфӣ дорад, ғазалҳову рубоиёташ ишқӣ, қасидаҳояш мадҳиянд. Баъзе рубоиҳояш чун рубоиҳои халқӣ содаву равону дилнишинанд. Абёти зерин намунае аз нигоштаҳои ӯянд:

Равон шуд маҳмили ҷонону ман ҳайрон аз он рафтан,
На бе ӯ метавон будан, на бо ӯ метавон рафтан.
Гузашт ӯ тунду ман бар хоки раҳ ҷон меканам бе ӯ,
На сабри инчунин будан, на тоби ончунон рафтан.
Надидам рӯи ҷонон серу вақти ҷон супурдан шуд,
Дареғо, коми дил нодида хоҳам аз ҷаҳон рафтан.
Макун нисбат ба қадди хушхироми ёр туборо,
Куҷо тубо тавонад ҳамчу он сарви равон рафтан?
Магӯ, азми сафар дорад Ниёзӣ аз сари кӯяш,
Ки натвонад зи гулшан булбули бехонумон рафтан.

Сарчашма

вироиш