Абдулло́ҳи Шаҳобӣ (асри 16) — хаттоти форс-тоҷик.

Абдуллоҳи Шаҳобӣ
Навъи фаъолият: хаттот

Зиндагинома

вироиш

Дар Қазвин умр ба сар бурдааст. Дар айёми ҷавонӣ ба омӯзиши хаттотӣ ва анвои хат пардохта, ин пешаро ба хубӣ аз худ намудааст. Бино ба маълумоти тазкираи «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ Абдуллоҳи Шаҳобӣ қобилият ва истеъдоди баланди хаттотӣ дошта, дар хушнависӣ маълуму машҳур будааст ва осори назму насри классикони форсу тоҷикро китобат намудааст. Мутассифона, аз осори хаттотии Абдуллоҳи Шаҳобӣ то замони мо чизе нарасидааст.

Сарчашма

вироиш