Абдуллоҳ ибни Иброҳим

Абдулло́ҳ и́бни Иброҳи́м (1443, Ҳирот1451, Самарқанд) — султони Самарқанд (1450 – 1451) баъд аз қатли Абдуллатиф.

Абдуллоҳ ибни Иброҳим
1450 — 1451
Пешгузашта Абдуллатиф
Таваллуд 1443(1443)
Даргузашт 1451(1451)
наздикии Самарқанд ҳозира вилояти Самарқанд
Сулола Темуриён

Зиндагинома

вироиш

Абдуллоҳ Иброҳим набераи Шоҳрух буд ва баъди марги бобояш Форс дар ихтиёри ӯ шуд, лекин дар натиҷаи ҳуҷуми сипоҳиёни Султон Муҳаммад он ҷоро тарк кард. Пас аз қатли Улуғбек, азбаски Абдуллоҳ Иброҳим яке аз ворисон барои тахту тоҷ буд, ҳабс шуд ва баъди аз зиндон раҳоӣ ёфтан даъвои тахту тоҷ кард. Шоҳзодагони дигар, аз ҷумла Алоуддавла ибни Бойсунқур, Абусаид ибни Муҳаммад, ки дар замони марги Улуғбек дар зиндон буд, алайҳи Абдуллоҳ Иброҳим шӯриданд. Онҳо низ даъвои подшоҳӣ доштанд. Дар задухӯрде, ки байни шоҳзодагон рух дод, Абусаид шикаст хӯрд. Абдуллоҳ Иброҳим маҷбур шуд, ки зидди шоҳзодагони дигар низ мубориза барад. Дар ин муддат Абусаид ҳавзаи Сирдарёро бо Туркистон ба тасарруфи худ дароварда, дар ҷанге, ки байни сипоҳиёни Абдуллоҳ Иброҳим ва Абусаид дар назди рустои Булунгур (1451) рух дод, бо кумаки Абулхайрхон бар Абдуллоҳ Иброҳим фирӯз шуд.

Сарчашма

вироиш