Абдулло Абдулвосиев

Абдулло Абдулвоси́ев (1922, деҳаи Қӯзибегӣ, Орҷоникидзеобод — 19 майи 1968, ҳамон ҷо) — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958).

Абдулло Абдулвосиев
Таърихи таваллуд 1922(1922)
Зодгоҳ Қӯзибегӣ, Орҷоникидзеобод
Таърихи даргузашт 19 май 1968(1968-05-19)
Маҳалли даргузашт Орҷоникидзеобод
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1958
Ордени Ленин

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Орҷоникидзеобод. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Нозири комитети Ҳизби Коммунистӣ (1946 — 54), раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳия (1955 — 61), директори идораи қабули ғалла (1961 — 65), мудири шуъбаи раёсати «Тоҷикплодоовош»-и назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1965 — 68) буд. Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 6).

Ордену медалҳо

вироиш

Бо ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш