Абдуллоҳ Гул

(Тағйири масир аз Абдулло Гул)

Абдуллоҳ Гул (тур. Abdullah Gül;) — сиёсатмадори турк, президенти Туркия (аз 28 августи 2007 то 28 августи 2014). Қабл аз он (2002-2003) - сарвазири Туркия, баъдан муовини 1-уми сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ. Вай ҷонибдори ҳамгироии аврупоии Туркия, талошҳои зиёде ба харҷ дод, то кишвараш тавонист музокирот дар бораи пайвастани Туркия ба Иттиҳоди Аврупоро оғоз кунад. Дар баробари ин, вайро пайрави арзишҳои исломӣ медонанд.

Абдуллоҳ Гул
тур. Abdullah Gül
28 августи 2007 — 28 августи 2014
Нахуствазир Раҷаб Тайиб Ардуғон
Пешгузашта Аҳмадинаҷот Сезар
Ҷонишин Раҷаб Тайиб Ардуғон
парчам
46-умин Вазири корҳои хориҷии Туркия
14 марти 2003 — 28 августи 2007
Нахуствазир Раҷаб Тайиб Ардуғон
Пешгузашта Яшар Якиш
18 ноябри 2002 — 14 марти 2003
Президент Аҳмадинаҷот Сезар
Пешгузашта Бюлент Эҷевит
Ҷонишин Раҷиб Тайиб Ардуғон
Таваллуд 29 октябр 1946(1946-10-29)[1][2][3] (78 сол)
Ҳамсар Hayrünnisa Gül[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ[d]
Эътиқод суннӣ ва ислом
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ abdullahgul.gen.tr/EN/ma…
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Президент

вироиш
 
Сафарҳои хориҷии президент Абдуллоҳ Гул

Моҳи май Раҷаб Эрдуғон нахуствазир Абдуллоҳ Гулро номзади аслии ҳизби ҳоким дар интихоботи президентии соли 2007 эълон кард. Ин тазоҳуроти аҳзоби мухолифро ба бор овард, ки аз номзадии Гул, ки ҳамчун “исломгаро” шӯҳрат дошт, комилан қаноатманд набуданд. Аҳзоби мухолиф тасмим гирифтанд, ки ба далели надоштани кворум раъйи президентро бойкот кунанд ва интихоботро беэътибор эълон кунанд . Дар шаҳрҳои бузург алайҳи пешниҳоди Гул ба мақоми президентӣ ва дифоъ аз низоми дунявии Туркия раҳпаймоиҳои эътирозӣ баргузор шуданд. Сардори штаби генералй Я. Буюканит аз эътирозгарон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки дар сурати таҳдид ба низоми дунявӣ артиш омода аст дахолат кунад. Зери фишори густарда Абдуллоҳ Гул аз номзадии худ даст кашид.

Моҳи июл дар Туркия интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, ки дар он Ҳизби Адолат ва Рушд ба раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон пирӯзии комил ба даст овард. Парлумони тозатаъсис ба номзадии президент овоз дод. Дар як овоздиҳии такрории рӯзи 28 августи 2007 Гул раисиҷумҳур интихоб шуд ва худи ҳамон рӯз ба курсии худ нишаст.

28 августи 2014 ӯ курсии президентии кишварро тарк карда, ваколатҳоро ба нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон вогузор кард, ки дар интихоботи 10 августи соли 2014 пирӯз шуда буд.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Соли 1980 бо Хайруниссо Озюрт, ки ҷияни ӯ буд[5], издивоҷ кард ва ҳамсарони Гул соҳиби се фарзанд - писарон Аҳмад Мунир ва Маҳмад Эмре ва духтар Кубра шуданд.

Унвонхои фахрй

вироиш
  • Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон ( 2013 ) [6].

Пайвандҳо

вироиш