Аҳмадинаҷот Сезар
Аҳмадинаҷот Сезар ( тур. Ahmet Necdet Sezer; 13 сентябри 1941, Афюнқараҳисор ) — даҳумин президенти Туркия аст. Маҷлиси бузурги миллии Туркия Сезарро дар соли 2000 баъд аз ба итмом расидани мӯҳлати ҳафтсолаи раҳбари пешини ӯ Сулаймон Демирел Президенти Туркия интихоб кард. 28 августи соли 2007 ба ҷои ӯ Абдулло Гул таъин шуд.
тур. Ahmet Necdet Sezer | |
16 май 2000 — 28 август 2007 | |
Пешгузашта | Сулаймон Демирел |
Ҷонишин | Абдуллоҳ Гул |
Таваллуд |
13 сентябр 1941[1][2] (83 сол) |
Ҳамсар | Semra Sezer[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | суннӣ |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Зиндагинома
вироишАҳмадинаҷот Сезар 13 сентябри соли 1941 дар шаҳри Афюнқараҳисор таваллуд шудааст.
Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1958 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Анқара таҳсил карда, фаъолияти худро ба ҳайси қозӣ дар Анқара оғоз кардааст. Ӯ пас аз адои хидмат дар Академияи ҳарбӣ аввал қозӣ ва баъдан ба ҳайси қозии назоратӣ дар Додгоҳи олии таҷдиди назар кор кардааст.
Дар моҳи марти соли 1983 ӯ ба Суди Олии Апеллятсия интихоб шуд. Азбаски Сезар узви Палатаи болоии Қонун буд, ӯ яке аз се номзаде шуд, ки аз ҷониби Ассамблеяи Суди Олии Апеллятсия барои узвият дар Суди конститутсионӣ тавсия шудааст. Моҳи январи соли 1998 Сезар раиси Додгоҳи конститутсионӣ интихоб шуд.
Соли 2000 дар даври сеюми интихобот раисиҷумҳур интихоб шуд, 330 овози вакилони парлумонро гирифт , 16 майи соли 2000 савганд ёд кард.
Ӯ дар соли 1964 бо Семре Курумоғлу издивоҷ кард ва соҳиби се фарзанд: Зейнеп (соли таваллудаш 1966), Эбру (соли таваллудаш 1973) ва Левент (соли таваллудаш 1973) мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Munzinger Personen (нем.)