Абдулманони Котиб
Абдулмано́ни Коти́б ибни Абдулваҳҳоби Шошӣ (охири садаи XIX — аввали садаи XX) — хаттоти тоҷик.
Навъи фаъолият: | хаттот |
---|
Зиндагинома
вироишАслан аз Тошканд аст. Дар навиштани ҳафт навъи хат моҳир буда, асарҳои бисёреро китобат намудааст. Аз ҷумла асарҳои Иноятуллоҳи Шайхи Бухороӣ «Ҳошияи Охунди Шайх» (1901, таҳти рақами 8372), Мавлавӣ Абдулҳай «Уҳдат-ур-риоя» (1909, таҳти рақами 7509), Муҳаммад Олим «Кашкӯл» (1912, таҳти рақами 3517), Афзал Махдуми Пирмастӣ «Афзал-ут-тазкор» (1917, таҳти рақами 3761), Биноӣ «Боғи ирам» (1917, таҳти рақами 3761), Алишери Навоӣ «Хамса» (1905, таҳти рақами 11544), «Маҷолис-ун-нафоис» (1917, таҳти рақами 3761) ва ғайраро бо хати зебою хоно китобат кардааст, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.
Эзоҳ
вироишАдибёт
вироиш- Абдулманони Котиб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.