Абдулмаҷиди Абҳарӣ
Абдулмаҷид Абҳарӣ (? — қарни XII, Ғазна) — шоири форс-тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар шаҳри Ғазна таваллуд ёфта, то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Муҳаммад Авфии Бухороӣ Абҳарӣ аз шоирони маъруфи дарбори Салчуқиён буда, ҷамолушшуаро унвон дошт. Муҳаммад Авфӣ ӯро чун «абҳари бӯстони фазл ва ахбори осмони ҳунар» тавсиф намуда, шеърҳояшро аз ҷиҳати бадеият «тарабангез»-у «ҷоновез» номидааст. Байтҳои зерин намунае аз ашъори ӯянд:
- То ишқи ту дар дилам муҳайёст,
- Бар дил баду неки ишқ пайдост.
- То сабр дари салоҳ барбаст,
- Андар дили ман ҳазор савдост.
- То қофилаи висол бигзашт,
- Овози фироқи дӯст бархост…
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абҳарӣ Абдулмаҷид // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, ҷ. 2., Лейден, 1903.