Абдулмаҷид Таббӯн
Абдулмаҷид Таббӯн (ар. عبدالمجيد تَبُّون зод. 17 ноябри 1945) — арбоби давлатӣ ва сиёсии алҷазоирӣ, Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир (аз 19 декабри соли 2019). Қаблан, ӯ ду маротиба вазири манзил буд ва соли 2017 сарвазири кишвар таъин шуд.
ар. عبد المجيد تبون | |
аз 19 декабри 2019 | |
Пешгузашта | Абдулқодир бин Салоҳ (и. в.) |
16-умин Сарвазири Алҷазоир
|
|
25 май — 16 августм 2017 | |
Пешгузашта | Абдулмалик Селлал |
Ҷонишин | Аҳмад Уяҳё |
Таваллуд |
17 ноябр 1945 (78 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишСолҳои аввал
вироиш17 ноябри соли 1945 дар шаҳри Мешерияи Алҷазоир таваллуд шудааст. Мактаби миллии маъмуриро соли 1965 хатм кард. Аз соли 1991 то 1992 вазир-вакили ҳукумати шаҳрии Алҷазира буд. Аз соли 1999 то 2000, ӯ дар ҳукумати Алҷазоир ба ҳайси вазири иртиботот ва фарҳанг кор кардааст ва аз соли 2000 то 2001 боз дар хидмати давлатӣ ба ҳайси вазир-вакили ҳукумати мунисипалӣ хидмат кардааст[1][2].
Кор дар ҳукумат
вироишАз соли 2001 то 2002, Абдулмаҷид Таббӯн ба ҳайси вазири манзил ва шаҳрсозии шаҳр кор кардааст. Аз соли 2012 то 2017 дубора дар ин вазифа кор кард. 25 майи соли 2017 вай ба ҷои Абдулмолик Селлал[3][4] сарвазири кишвар таъин шуд. Аммо, ба зудӣ, 16 августи ҳамон сол, ӯ аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Сабабаш кӯшиши ӯ барои тафтиши тақсимоти шартномаҳои ҳукуматӣ буд[5].
Президенти Алҷазоир
вироишСоли 2019 ӯ дар интихоботи президентӣ ширкат варзид, ки дар он аллакай дар даври якум пирӯз шуд ва қариб 5 миллион овоз гирифт (58,15 %). 19 декабр соли 2019 ӯ расман ба ҳайси сарвари давлат ба кор шурӯъ кард[6].
Эътирозҳои оммавӣ дар давраи президентии Таббӯн идома доштанд. Ҳарчанд Теббӯн кӯшиш кард, ки худро ҳамчун сиёсатмадоре муаррифӣ кунад, ки аз ҳукуматдории Абдулазиз Бутефлиқа азият мекашиданд, ӯ барои бисёре аз алҷазоириён мансабдори доираи худ боқӣ монд[7].
Дар раъйпурсии умумиҷумҳуриявӣ, ки 1 ноябри соли 2020 баргузор гардид, 66,8 % шаҳрвандони овоздиҳанда ислоҳот ба Сарқонуни кишварро, ки пешбинӣ кардааст, кӣ президент на бештар аз ду давра дар қудрат бошад ва ваколатҳои ӯро коҳиш диҳад, ҷонибдорӣ карданд[8].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ عبد المجيد تبون
- ↑ Архивированная копия(пайванди дастнорас — таърих). 13 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2017.
- ↑ Algérie : qui est Abdelmadjid Tebboune, le nouveau Premier ministre d’Abdelaziz Bouteflika ? — JeuneAfrique.com
- ↑ Algerian energy, finance ministers replaced in reshuffle — APS | Reuters. 27 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 май 2017.
- ↑ Алжир выбрал из пяти зол
- ↑ Новый глава Алжира принес президентскую присягу
- ↑ В Алжире заявили, что покончили со старым режимом
- ↑ В Алжире более 66 % проголосовавших граждан поддержали поправки в конституцию