Алҷазира
Алҷазира (арабӣ: الجزائر) — шаҳр, пойтахти Алҷазоир.
ар. الجزائر | |||||
|
|||||
Кишвар | Алҷазоир | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таърихи таъсис | 944 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландӣ | 0 м | ||||
Вақти минтақавӣ | UTC+1[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ |
|
||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Коди телефон | 213 | ||||
Нишонаи почта | 16000–16132 | ||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишМаркази асосии маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат. Дар соҳили ғарбии халиҷи Алҷазира, дар домана ва байни талу теппаҳо (дар соҳили Баҳри Миёназамин) воқеъ аст. Аҳолиаш 1,7 млн нафар (бо агломератсияи атрофаш – 3,9 млн нафар – 2009), асосан арабҳо (83%), барбариҳо (16%) ва европавиҳо (1%). Дини асосии давлатӣ – ислом. Алҷазира дар садаи X аз тарафи барбариҳо дар ҷойи харобаи бандари финикии Эй-Кози (асри 9 то м.) бино ёфтааст. Дар садаи XI яке аз марказҳои бандари баҳрӣ буд. Солҳои 1516 – 1830 – пойтахти давлат дар ҳайати Империяи Усмонӣ. Алҷазираро франсавиён соли 1830 забт карда, ба маркази маъмурии мустамликаи худ табдил доданд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 45) Алҷазира қароргоҳи Фармондеҳии иттифоқчиён дар Баҳри Миёназамин, дар давраи инқилоби миллӣ-демократии Алҷазоир (1954 – 62) яке аз марказҳои ҳаракати озодихоҳӣ буд. Аз соли 1962 пойтахти Республикаи Халқии Демократии Алҷазоир.
Ҷуғрофия
вироишАлҷазира бандари бузури соҳили Баҳри Миёназамин буда, узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналхалқӣ, метрополитен дорад. Дар Алҷазира саноати мошинсозӣ (мошинҳои хоҷагии қишлоқ, васли худрав) ва коркарди металл мавқеи асосӣ дорад.
Иқтисодиёт
вироишКорхонаҳои коркарди нефт, истеҳсоли семент, чарму пойафзор, саноати химия, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, коғазу селлюлоза бештар тараққӣ кардааст. Алҷазира дорои донишгоҳ, боғи ботаникӣ, мактаби олии савдо, ин-ти кишоварзӣ, музейҳои миллии осори атиқа ва саноеи нафиса, музейи таърихи ибтидоӣ ва этнография (кӯшки Бордо), китобхонаи миллӣ, театри миллӣ мебошад. Манораҳои муҳташаму ёдгориҳои меъмории Алҷазира: Масҷиди калон (1096) бо манора (1323), Оромгоҳи (дахмаи) Сидӣ Абдурраҳмон (1611), масҷидҳои Ҷомеъ-ул-Кобир (асри 11) ва Ҷомеъ-ул-Ҷадид (1660), Қалъаи Қасбо, Маъбади масеҳии Модархудои Африка, Майдони Азиятмандон, ки ба шарафи қаҳрамонони ҷанг баҳри истиқлоли Алҷазоир (1954 – 62) номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пойтахтҳои Африқо |
---|
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде |