Сафиюддини Урмавӣ

(Тағйири масир аз Абдулмӯъмини Урмавӣ)

Сафиюддини Урмавӣ (форсӣ: صفی‌الدین ارموی‎; тақрибан 1216[1][2], Урумия1294[3], Бағдод) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, хушнавис, китобдор, адиб ва арӯздони форс-тоҷик

Сафиюддини Урмавӣ
форсӣ: صفی الدین الاورموی
Таърихи таваллуд тақрибан 1216[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1294[3]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Абдулмуъмини Урмавӣ донишҳои ибтидоии замонаашро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас барои такмили дониш ба Бағдод рафта, таҳсилро дар мадрасаи Бағдод идома дода, дар мусиқӣ, китобат, шеъру шоирӣ табъи болида дошт. Фаъолияти эҷодиаш дар замони салтанати халифаи Аббосӣ Мӯътасим (1242—1258), хонҳои муғул Мангуқоон (1251—1259), Ҳалокухон (1256—1265), Абоқахон (1264—1281), Арғунхон (1264—1291) сурат гирифтааст. Муддати зиёд сарварии китобхонаи хонҳои муғулнасаби Бағдодро ба уҳда дошта, ҳамзамон ба сифати навозанда, хаттот низ хидматгузорӣ кардааст. Дар сознавозӣ (уд), донишҳои назарии мусиқӣ беназири замонааш буда, мусиқишиноси аврупоӣ Р.Кизеветтер (1778—1850) Ӯ-ро Ҷозеффо Сарлинои (1517—1590) Шарқ номида, рисолаҳояш «Кито-бу-л-адвор», «Рисолату-ш-Шарафия»-ро аз мӯътамадтарин таълифоти мусиқӣ мешуморад. Ихтироъи ду сози мусиқӣ: «нузҳат» ва «муғанӣ»-ро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Эҷодиёт вироиш

Абдулмуъмини Урмавӣ муаллифи асарҳои «Китобу-л-адвор», «Рисолату-ш-Шарафия» (1264 мутобиқ ба 666 ҳ.қ.), «Ал-иқоъ», «Фоида фи ал-илм-ал-мусиқӣ», «Китобу-л-кофӣ мин ал-шофӣ фи улум-ал-арӯз ва ал-қавофӣ» аст. Ӯро асосгузори мактаби систематикҳо (ал-мактабу-л-мунтазамия) дар мусиқии мардумони Шарқ дониста, дар соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг шогирдони зиёдеро тарбия намуда (хаттот Яъқуби Мустаъсимӣ ваф.1298; мусиқидон Шамсуддин Аҳмад ибни Яҳёи Сӯҳравардӣ ваф. 1340; олимон Шарафуддин Ҳорун ибни Муҳаммади Ҷувайнӣ ваф. 1286; Баҳоуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Ҷувайнӣ ваф. 1279; хонанда, навозанда, Алии Ситоӣ, Ҳусейни Зомир, Ҳисомуддини Қутлуғбуқо, Зайтун, Луҳоз ва ғайра) аст. Дар осори назарии мусиқиаш Абдулмуъмини Урмавӣ як шакли адвори мусиқиро (табалатура) танзим намуд. Осори назарии мусиқии Абдулмуъмини Урмавӣ дар асрҳои баъдӣ чун сарчашмаи муҳими назариявӣ мавриди омӯзиш ва баҳраандӯзии мусиқидонони Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Араб шуда, нусхаи хаттии рисолаҳояш дар захоири хаттии Туркия, Британия, Бағдод, Миср, Русия ва дигар кишварҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Ба мероси мусиқии Абдулмуъмини Урмавӣ мусиқидонони тоҷик-форс шарҳу тафсирҳо (Абдулқодири Мароғӣ, Мавлоно Муборакшоҳ, Асъадии Самарқандӣ ва диг.) навишта, дар баррасии масоили назарии мусиқӣ (мақомҳо, маҷмӯи даврии мусиқӣ ва ғайра) аз хулосаҳои таҳлилиаш баҳраандӯзӣ намудаанд. Рисолаҳои Абдулмуъмини Урмавӣ ба забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва форсӣ, туркӣ тарҷумаю нашр шудаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Сафиуддин Абӯлмуъмин, Китобу-л-адвор фи ал-мусиқӣ. — Теҳрон, 1380;
  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас. 12-15. — Душанбе, 1989;
  • Сафиуддин Урмавӣ ва замони ӯ. — Душанбе, 2005;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. — Душанбе, 1988;
  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир. — Тошканд, 1963;
  • R. d,Erlanger, la musigue Arabe, Paris, 1930—1935; H. Farmer, A history of Arabian music, London, 1973.[1]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 12 ISBN 978-99947-49-13-3