Композитор

(Тағйири масир аз Оҳангсоз)
Композитор Аъзам Камолов

Композитор (лот. compositor – мураттиб, эҷодкор) — муаллифи асари мусиқӣ, шахсе, ки машғули эҷоди [мусиқӣ]] мебошад; шахсе мебошад, ки мусиқӣ таълиф менамояд. Касби «Композитор» дар Италия то асри XVI паҳн гардидааст. Барои композитори комил шудан доштани истеъдоди мусиқӣ-эҷодӣ ва омӯзиши махсуси композитсия ҳатмист. Аксари вақтҳо композитор ҳамчун иҷрокунанда баромад мекунад. Дар мамолики мухталифи дунё иттифоқҳои композиторони эҷодкор вуҷуд доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ташкил шудааст.[1] Одатан таълиф намудани мусиқӣ аз рӯи қонунҳои муайяни назарияи мусиқӣ мутобиқ карда мешавад. Фарқ байни композитор ва сароянда дар он аст, ки композитор асари мусиқиро эҷоду таълиф менамояд, вале сарояндае, ё мутрибе бошад онро иҷро мекунад.[2]

НигаредВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.187. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.186. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)