Абдулфаттоҳ Раҳимов

Абдулфаттоҳ Раҳимов — муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Абдулфаттоҳ Раҳимов
Абдулфаттоҳ Иброҳимович Раҳимов
Дар акс дотсенти ДСРТ Шӯҳрат Саъдиев (аз чап) ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдулфаттоҳ Раҳимов
Дар акс дотсенти ДСРТ Шӯҳрат Саъдиев (аз чап) ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдулфаттоҳ Раҳимов
Таърихи таваллуд 5 январ 1955(1955-01-05) (69 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шӯрообод ҶШС Тоҷикистон, СССР
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти педагогии ба номи С.М. Кирови Ленинобод
муовини ректори ДДХуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров А. Раҳимов (аз чап)

Зиндагинома

вироиш

Абдулфаттоҳ Иброҳимович Раҳимов 5 январи соли 1955 дар деҳаи Дараи об ноҳияи Шӯрободи собиқ вилояти Кӯлоб (ҳоло вилояти Хатлон) дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1971 ба факултети табиатшиносию-географияи Институти педагогии ба номи С.М. Кирови Ленинобод Институти педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, соли 1976 хатм намуд. Пас аз хатми Донишгоҳ ба ноҳияи Восеъ собиқ вилояти Кӯлоб ба кор рафт. Сипас дар мактаби миёна №1 ш. Кӯлоб баъдан дар Институти такмили ихтисоси муаллимони вилояти Кӯлоб аз соли 1988 то соли 1992 дар вазифаи мудири кабинети методии биология-география ва химия кор кард. Соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров ба кор омада, дар вазифаҳои сарлаборант, муаллим, муаллими калон ва муовини декан оид ба таълим, тарбия ва шуъбаи ғоибона фаъолият намуд. Соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадиашро ҳимоя кард. Соли 2000 ба Раёсати Донишгоҳ дар вазифаи муовини дастгоҳи раёсати донишгоҳ ба кор таъйин шуд. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи мудири шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳ фаъолият бурд. Аз соли 2009 то соли 2012 дар вазифаи муовини ректор оид ба шуъбаи ғоибона ишғоли вазифа кард. Аз моҳи июни соли 2012 то ин ҷониб дар вазифаи муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба корҳои таълим фаъолият бурда истодааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад таъйин гардид.[1]

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович(тоҷ.). hgu.tj. Сайти расмии ДДХуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. 19 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2018.